Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳар гӯшаи кишвар асар гузошт, ки ин ба ҳама маълум аст. Вале бархе минтақаҳо, мисли ноҳияи Сангвор, дар маркази ин гирудорҳо қарор доштанд. Замине, ки мардуми меҳнаткаш ва содиқ ба Ватанро парвариш додааст, он солҳо сахт осеб дид. Хонаву деҳаҳо вайрон шуданд, ҳазорон оила аз ҳам пошида, садҳо нафар аз ҷумлаи беҳтарин фарзандони миллат ҷони худро аз даст доданд.
Ҳарчанд сулҳ барқарор шуд ва ваҳдат дар саросари кишвар ҳамчун арзиши олӣ пазируфта шуд, вале дард ва захмҳои он ҷанг дар дили ин мардум то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Мардуми ин диёр, ки солҳои зиёд аз имкониятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ маҳрум буданд, ҳанӯз ҳам барои таъмини зиндагии шоиста мубориза мебаранд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, миллати тоҷик ба сулҳ устувор монд. Онҳо хуб медонанд, ки чӣ гуна ҷанг хонавайрон мекунад ва чӣ гуна ваҳдат метавонад заминаи зиндагии беҳтарро фароҳам созад. Сулҳро эҳтиром мекунанд, ва ба фардои дурахшон бовар доранд. Сулҳ на танҳо хомӯшии тиру тӯп аст, балки адолат, имконият ва эҳтиром ба зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, ки имрўз мо бо он нафас мекашем ва роҳати ваҳдатро эҳсос мекунем.