Хабари дардовар расид, ки рӯзи 20-уми май Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Умед Достиев дар синни 100-солагӣ ин дунёро тарк намуда, ба ҷаҳонӣ абадӣ пайваст. Ӯ бо шуҷоату мардонагӣ дар ҷангҳои солҳои 1941-1945 барои муҳофизати Ватан ќаҳрамонона ҷангида, бо корномаи худ дар таърихи халқи тоҷик нақши номдор гузошт.
Умедов Достӣ 1 июли соли 1925 дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор зода шуда, солҳои 1941-1945 дар Чанги бузурги Ватанӣ иштирок намуда, баъдан дар ноҳияи Панҷ зиндагӣ кардааст. Ӯ чун бригадири колхоз, ҳисобчӣ ва дар чанд вазифаҳои дигар ба Ватану миллат содиќона хизмат намуда, баъдан боз ба деҳаи Пашор-зодгоҳаш баргаштааст. Дар он ҷо давлати пирӣ ронда, бо ҳукми таќдир, 20-уми майи соли 2025 ҷовидона ин дунёро хайрбод гуфт.
Бо ҳисси гарми эҳтиром ва самимият мегӯем, ки Умедов Достиев як шахсияти барҷаста ва охирин Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Сангвор буд.
Корнамоии чунин мардони майдон намоди муҳаббат ва садоқат ба Ватан аст, ки барои наслҳои оянда аҳамияти амиқ дорад. Онҳо ҳаргиз намемиранд, номи неки эшон дар сархати таърих ва ёдгӯшаи мардум бо ҳарфҳои сабз навишта мешавад. Бо эҳтиром ва эҳсоси амиқи ҳамдардӣ, аз номи аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва моҳномаи «Мавҷи Хингоб» , ба аҳли хонадони Умедов Достӣ, Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори тасалият мегӯем ва дар дарди фироќу ҷудоӣ ба онҳо сабру шикебоӣ таманно мекунем.
Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бод!