- Диданд: 134
- Дар самти ташаккули тафаккури миллӣ ва маънавиёти солим баъзе аз аҳли зиёи кишвар чаро бетарафанд?
-Муҳим ва мубрам будани шинохти ислом дар вазъияти кунунӣ…
-Хурофоту таассуб заминаи ифротгароӣ, чаро ходимони дин дар ин марвид аз худ дарак намедиҳанд?
Масъалае, ки имрӯз ҷомеаро нигарон кардааст, зиёдаравӣ, хурофот ва падидаи таассуб ва таассубгароӣ буда, ки оқибати хатарборе дар қибол дорад. Имрӯз масъалаи ҳасос ва мубрами дигар ин доман густурдани иедологияҳои бегона аст, ки бархӯрд бо тафаккури ҷавонон дорад. Ин ва чанд масъалаҳои нигаронкунандаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта, дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин мавриди таҳлил қарор доданд ва то имрӯз низ аз вазъияти мавҷуда изҳори нигаронӣ менамоянд.
Падидаҳое, ки ба ҷомеа ва давлату миллатҳо хатар эҷод мекунанд, мавриди таҳлилу баррасии Президенти кишваранд ва Роҳбари давлат пайваста бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солим, андешаҳои бикр ва афкори созанда таъкид месозанд. Президенти кишвар дар суханрониҳояшон хеле воқеъбинона таъкид мекунанд, ки яке аз сабабҳои ҳамон ҳодисаҳои нохуше, ки соли 90-ум иттифоқ уфтод, аз бетарафии мардум буд. Ва имрӯз низ ин бетарафиҳо ба мушоҳида мерасад.
- Диданд: 134
«Зоҳирпараситиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои ҳалқиву динӣ дар навбати худ сади роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҷомеаҳои муосир, маросимҳо ва расму оинҳои миллӣ ва динӣ қисми муҳими фарҳанг ва ҳувияти мардум мебошанд. Вале бисёре аз ин маросимҳо ва расмҳо бо гузашти марҳилаҳо ба як манбаи хароҷоти ѓайриихтиёрӣ ва зиёдатӣ табдил ёфтаанд, ки метавонанд ба иқтисоди кишвар ва муҳити зист осеб расонанд. Барои ҳалли ин мушкилот, Парлумони кишвар чанд сол қабл Қонунеро таҳия ва рӯи кор овард, ки ин оину расмҳо ба як низоми муайян ва муташаккил ворид шуданд. Аммо, мутаассифона ҳастанд нафароне, ки нисбат ба қонун беэҳтиромӣ зоҳир карда, худнамоиро аз иқтисодиёти хонаводагӣ боло мегузоранд.
Бояд тазаккур дод, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳрири нав ба вуқӯъ пайваст, воқеан дар таърихи қонунгузории миллии кишвар як падидаи наву бемисл ва хотирмон буда, аз иқдоми навбатии мамлакати тозаистиқлоли мо дар бунёи ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқӣ башорат медиҳад, ки заминаи онро арзишҳои диннӣ ва миллӣ ташкил медиҳанд.
Сокинони мамлакат хуб дарк кардаанд, ки маҳз риояи қонуни мазкур барои таъмини пурраи рӯзгори ар як хонавода ва тадриҷан расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар ёрӣ медиҳад.
- Диданд: 133
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ таҳти Роҳбарии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халҷи мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни давлатҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намуда, ҳамчун кишвар дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст.
Саҳифаи 13 аз 34
РАИСИ НОҲИЯ
АКСҲО
ВИДЕО САНГВОР
ҚУРБИ АСЪОР
![]() |
10,92 TJS | |
![]() |
11,92 TJS | |
![]() |
0,12 TJS |