Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор 

барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд.

   Дастгоҳи раиси ноҳия

1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1809,60  сомонӣ

2.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218  сомонӣ

3.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансаби 1809,60

4.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансаби 1484,80 

5.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ

     Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти давлатҳо ва рушди устувори иҷтимоӣқтисодӣ — ин коррупсия, ришваситонӣ мебошад. Коррупсия на танҳо риштаи идоракунии давлатро заиф мегардонад, балки ба рушди демократия, ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.

    Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ роҳ ёфта, боиси беэътимодӣ миёни шаҳрвандон ва ҳокимият мегардад. Афзоиши ришваситонӣ, истифодаи ғалати мансаб, тақаллуб дар тендерҳо ва дигар навъҳои коррупсионӣ метавонанд амнияти миллиро зери хатар гузоранд.

   Яке аз омилҳои асосии паҳншавии коррупсия набудани назорати самаранок, поён будани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва набудани иродаи сиёсии қавӣ барои мубориза бо ин падида мебошад. Барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, зарур аст.

   Фаромарз Раҳмонзода, корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат ва саволҳои мо имроз дошт, ки  «Подош ё тӯҳфа» аз «Ришва ё  пора» тавофут дорад, ки инро қонунгузории Тоҷикистон муайян кардааст.

    Дар гирифтани «Подош» ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар гирифтани «пора» ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ  оғоз карда мешавад.   Дар муқовимат  бо коррупсия танҳо тавассути талоши муштараки давлат ва ҷомеа имконпазир аст. Танҳо бо якҷоя сохтан ва мустаҳкам намудани  ирода, қонун ва маърифат метавонем ҷомеае бунёд кунем, ки дар он адолат, шаффофият ва масъулият асоси муносибатҳои ҷамъиятӣ бошанд.

    Беҳтарин неъмати инсон ин танисиҳат ва хотири ҷамъ аст. Дар ин баробар метавон ба ин неъмат сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагиро дар ҷомеа низ афзуд. Аммо ин тинҷӣ ва осудагӣ ба баъзе ашхоси ношукр писанд нест. Ин қабил одамон имрӯз шомил ба қувваҳои бадхоҳу ҷангталаб, ки онҳоро террорист, ифротгаро, худкӯш, ҷиҳодталаб меноманд, ҷамъиятҳоеро созмон додаанд, ки ҳамарӯза ба харобкорӣ даст зада, даҳҳою  садҳо сокинони осоиштаро ба қатл мерасонанд.

    Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизм, ки ба марги одамони бегуноҳ оварда расонида, модаронро бефарзанд, одамиятро бесарпаноҳ, тифлонро беволидайн мегардонад, мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.

    Пеши роҳи ин амали зишт ва ваҳшиёнаро нагирифтан, майдони фарох кушода додан ба густариши он, бахусус терроризм  ва экстремизми динӣ, ифротгароии мазҳабӣ боиси ҳалокати садҳо нафари бегуноҳ мешавад. Онҳо бо ин рафторашон, ки ғайриқонунист, зиндагии осоиштаи мардумро дар минтақаҳо ноором, хонаводаҳои шодро ғамдор, макони ободро валангор кардаву модаронро аз фарзанду шавҳар, духтарону занонро аз хонаву дар ҷудо карда, нафрати мардуми сулҳдӯстро нисбаташон бедор мекунанд. Бетарафӣ дар ин масъала баробари бо дасти  худ ба марг ҳукм намудани оянда мебошад.