Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти давлатҳо ва рушди устувори иҷтимоӣқтисодӣ — ин коррупсия, ришваситонӣ мебошад. Коррупсия на танҳо риштаи идоракунии давлатро заиф мегардонад, балки ба рушди демократия, ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.

    Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ роҳ ёфта, боиси беэътимодӣ миёни шаҳрвандон ва ҳокимият мегардад. Афзоиши ришваситонӣ, истифодаи ғалати мансаб, тақаллуб дар тендерҳо ва дигар навъҳои коррупсионӣ метавонанд амнияти миллиро зери хатар гузоранд.

   Яке аз омилҳои асосии паҳншавии коррупсия набудани назорати самаранок, поён будани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва набудани иродаи сиёсии қавӣ барои мубориза бо ин падида мебошад. Барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, зарур аст.

   Фаромарз Раҳмонзода, корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат ва саволҳои мо имроз дошт, ки  «Подош ё тӯҳфа» аз «Ришва ё  пора» тавофут дорад, ки инро қонунгузории Тоҷикистон муайян кардааст.

    Дар гирифтани «Подош» ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар гирифтани «пора» ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ  оғоз карда мешавад.   Дар муқовимат  бо коррупсия танҳо тавассути талоши муштараки давлат ва ҷомеа имконпазир аст. Танҳо бо якҷоя сохтан ва мустаҳкам намудани  ирода, қонун ва маърифат метавонем ҷомеае бунёд кунем, ки дар он адолат, шаффофият ва масъулият асоси муносибатҳои ҷамъиятӣ бошанд.

    Аммо, боиси таассуф аст, ки аз бетарафии мардум, Тоҷикистон  дар амалҳои коррупсионӣ дар байни 180 давлати дунё дар раддаи 164-ум қарор гирифт.  Инчунин боиси нигаронист, ки дар зеҳни мардум  як чиз печидааст, ин ҳам бошад,  ҳозир барои як коре пеши мансабдоре равӣ кор бидуни  маблағ барор намегирад.   Меравем ягон идора медароем, дар хотирамон нақш бастааст, ки бояд 50 сомон дасти ягон мансабдорро «сафед»  кунем, то пагоҳ биёем моро  дастгирӣ кунад.   Ана ҳамин «дастсафедкунӣ»-ҳо омили асосии баланд шудани коррупсия дар Тоҷикистон гаштааст. 

    Бояд инро низ зикр кард, ки дар Тоҷикистон дар се соли оянда сад фоиз музди маош зиёд гардидааст. Лекин дар баробари ин сатҳи корҳои коррупсионӣ ҳам зиёд шуда истодааст. Яке аз омилҳои асосие, ки сотсиологҳо-ҷомеашиносони  хориҷиву дохилӣ санҷида баромадаанд, ин бетарафии мардум аст.

    Бинобар ин, Пешвои миллат пайваста қайд мекунанд, ки пешгирӣ  аз амалҳои ғайриқонунии корупсионӣ танҳо кори мақомоти милисаву корупсия нест, бояд тамоми ҷомеа дар  пешгирӣ аз он саҳм гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем шиддати корҳои ришваситониро пасттар намоем.

   Дигар масъалаи ҳуқуқвайронкунӣ, ин аз ҷониби роҳбар қабул кардани тӯҳфа ва ё аз ҷониби коргар пешниҳод намудани ҳар навъ тӯҳфа ё ҳар навъ неъматҳои моддӣ   ба ҳисоб меравад, ки  ин мувофиқи қонун  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аст.

   Тӯҳфа барои чӣ медиҳанд ба роҳбар? Саволест матраҳ!

    Ё мақсади моил кардан барои ягон вазифа ё  дар ягон кор ӯро ба қавле  «ғам» надодан, ё  мақсади қадрнамоӣ .   Тӯҳфабариву подош додан аз ҷониби шаҳрвандон бо ҳамин ду ҳадаф пешниҳод карда мешавад.  Маънӣ ва муҳтавои мафҳуми коррупсия  низ ҳамин ҷо равшан мешавад. 

    Барои ҳамин бисёриҳоро вақте дастгир мекунанд, мегӯянд: «ман талаб накардаам,  бо хоҳиши хеш тӯҳфа ё подош овардааст».  Вале, дар қонун, ин гуна суханҳо бори ӯро сабук  ва ё  рад намекунанд.  Бояд шахсон ва ё мансабдорон дар хотир нигоҳ доранд, ки муқовимат накардан бо ин кор, яъне гирифтану қабул кардани ҳар гуна тӯҳфаву подош ин  худ ҷиноят маҳсуб мешавад.

    Ё ҳолатҳои дигареро вохӯрдан мумкин аст, ки   кори ба қавле «муштарӣ»-ро нафаре буд мекунад, баъди як моҳ омада маблағ медиҳад. Дар қонунгузорӣ омадааст, ки агар маблағро пешакӣ диҳад, алакай ба мақсади моилкунӣ аст, ё агар маблағро баъд  оварда диҳад, ба мақсади қадрнамоӣ  аст. Агар ягон маслиҳат ҳам набошад, гирифтани ҳар гуна маблағи дигар ин ҷиноят ҳисоб мешавад. Бинобар ин, ба роҳбар додани маблағ ва тӯҳфаҳо мумкин нест.

 

Мо аз Фаромарз Раҳмонзода пурсидем, ки дар кадом ҳолат гирифтан ё додани туҳфаҳо ба роҳбару мансабдоре мумкин аст?

Ӯ дар зимн иброз дошт, ки:

      -Дар рӯзҳои ҷашн ё маросимҳои расмиву касбӣ гирифтану қабул кардани ҳадя мумкин аст ва танҳо дар доираи талаботи қонун. Барои мисол дар ҷашни Наврӯз додани тӯҳфа ҷоиз аст, вале мувофиқи қонунгузорӣ набояд аз сад нишондиҳанда зиёд бошад.  Ин маънои онро надорад, ҷашни Наврӯз ё дигар ҷашни расмӣ шуд, ҳама чизро бор карда ба роҳбар баранд.  Агар аз  доираи талаботи қонун берунтар бошад, нисбати тарафҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карда мешавад.  Агар амали тӯҳфадиҳӣ дар дигар ҳолатҳо ошкор шавад, ҳуқуқвайронунии маъмурӣ хисобида мешавад, ва он чизҳо баргардонида мешаванд. 

     -Ду модда 656 подош,  657 қабул кардани тӯҳфа ва дигар хизматрасонӣ барои вазифаҳои давлатӣ аз ҷониби шахси аз рӯи вазифа тобеъ аз ҷониби мақомоти суд баррасӣ карда мешавад. Барои чӣ?

    -Барои он, ки ин ду модда мусодира доранд. Моддаҳои дигар додани бартарият ва имтиёзи ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳо ҷой додани фармоишҳои давлатӣ, ҷавобгарӣ дорад.  Барои ба ин андеша равшанӣ андохтан метавон мисол зад, ки ду нафар як хел кор мекунанд. Як хел воҳиди корӣ доранд, лекин як нафар  дар идора ва назди роҳбар бартарияти зиёд дорад,  музди маошаш зиёд аст. Вале , ба онҳо роҳбар мегӯяд, ҳангоми  вазифаро  қабул кардан ҳардуяш озмунро гузаштаанд, комиссия инро бартарият додагӣ аст. Дар ҳоле, ки асосҳои ҳуқуқӣ бартарият надоранд. Ё ки ҷои дигар,  холли гирифтаи ин баланд аст, аммо  нафаре, ки холлаш паст аст,  онро мегузаронанд.  Ё ,ки масъалаи барқ бевосита бисёри  дӯконҳо ё мағозаҳои соҳибкорон пули барқро ҳамчун муштарии  хонааш пардохт мекунад, ки ин худ ҷиноят аст. Соҳибкоронеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки  як қисмати  хонаашро  дӯкони савдогарӣ карда,  аммо,  маблағи барқро на чун соҳибкор, балки чун муштарӣ ба давлат пардохт мекунад. Дар ҳоле, ки тибқи қонунгузорӣ ҳақи соҳибкор дар пардохти маблағи нерӯи барқ зиёдтар аст.  Ӯ бояд ҳамчун шахси ҳуқуқӣ  маблағи барқро пардохт кунад. Барои мисол, 30 дирам неву 80 дирам.  Дар ин ҷо қонунгузорӣ  ҳам нисбати шаҳрванд  ва  ҳам нисбати мақомоти давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ кардааст.  

    Масъалаи дигар ин риоя накардани тартиби вогузоштани ҳуқуқи моликият ба захираҳои моддию молиявии давлатӣ  аст…

    Боз ҳам метавон ин ҷо мисолу масъалаҳои зиёдро пеш овард, то шаҳрвандон пурра ба дарки моҳияти масъала раванд.

     Ба гунаи мисол , замин  ба  яке аз мақомоти давлатӣ дахл дорад ва дар баланси ӯ ба қайд гирифта шуда аст. Аммо,  дар як  тарафи замин соҳибкоре  дӯкони  савдогарӣ боз намудааст.  Бо амвол шартнома надорад, танҳо бо ҳамин мақомот  шартнома кардааст.  Аз ин бехабар, ки ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳисоб меравад. Замин моликияти давлат аст. Ҳар як объекте, ки дар ҳудуди заминҳои давлатӣ ҷойгир карда мешавад, бояд бо кумитаи авмол ҳатман шартнома бандад.

Дигар ҳолат моддаи 661барои суиистифода аз ваколати мансабӣ.  Мувофиқи моддаи 316 парвандаи ҷиноятӣ аст,  вале дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳам, суисстифода аз ваколати мансабӣ ҳаст.

       -Моддаи 661 ин чӣ тафсир дорад?

 

     -Воситаи нақлиёт , воситаи алоқа, манзили давлатӣ, ки барои вазифадорҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст. Маблағҳо, аз ҳисоби муҳосиб  (бухгалтерия)  « ягон сум бте баъд медиҳам» ё дигар воситаҳои электронии  нусхагӣ аст, инчунин дигар таҷҳизоти давлатиро бурда, аз ваколати доштаи хеш суистифода  кардан, ҳамаи ҳаминҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурианд. Ё бо  мошини давлатӣ аҳли  оилашонро ба туйю сур ва дигар ҷойхои лозимӣ бурдан, қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Зеро, он  мошин танҳо барои хизмати  хизматчиёни давлатӣ аст.  Воситаи алоқа танҳо барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ба манфиати шахсӣ истифода бурдан умуман  мумкин нест. 

     Ҳиқояе аст, ки як шаҳрванд пеши вазир медарояд, ду намуди қалам дар пешаш истодааст. Вазир аз шаҳрванд мепурсад,ки барои кори давлатӣ омадааст ё барои кори шахсӣ. Шаҳрванд мегӯяд барои кори шахсӣ. Вазир аз қаламе истифода мебарад, ки барои корҳои шахсӣ рӯи мизаш гузоштааст.  Вақте шаҳрванд мепурсад, чаро аз ин қалам истифода бурдед, мегӯяд ман қалами давлатро барои кори шахсии шумо ва манфиати худам истифода намебарам.  Ин як ҳикмат аст.  Аммо дар асл, бояд донист, ки ҳама чиз таҳти назорат қарор доранд.

     Дигар масъала ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ истфода бурдани маълумоте, ки ҳангоми вазифаҳои давлатӣ ба даст омадаанд. Аз вазифаҳо истифода намудану  маълумотро истифода ва ошкор кардан, фурӯхтани сири давлатӣ агар ҳам, баҳо дода нашавад, ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

     Ҳолати дигари  ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти хоҷагидор аст, ки бояд инро донист. Як ронанда меравад, корманди бозрасӣ ӯро манъ мекунад. Дар ин ҳолат ронанда  гӯшии телефонро ба корманди бозрасӣ дода,  мегӯяд, бо «тағаам» гап зан. Ин ҷавобгарии маъмурӣ дорад. Бояд касе ба кори онҳо халал нарасонад.  Ё ин, ки то соли 2027 Пешвои миллат барои санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор «моратория» эълон карданд,  Вале, бисёр мушоҳида мекунем ва мебинем, ки  ба қавле «папкааш» дар таги каш,  мағоза медарояд:  «-ку барор ҳуҷҷатота чӣ дорӣ?». Ин амал  мумкин нест. Пас, сухани Президент куҷо мемонад ва он «моратория»-и эълоншуда, чӣ мешавад?  Дар ин ҳолат бояд ҳатман фармоиш дошта бошад. Шумо агар ҳуқуқҳои  худро донед, ба ин гуна амалҳо хати батлон мекашед.  Ҳуҷчату санади лозимиро бояд талаб кунед.  Агар ӯ асос надошта бошад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

    Хулоса, дар амалҳои коррупсионӣ ҳолатҳоеро метавон дучор шуд, ки баъзан онҳоро ҳамчун амали маъмулӣ қабулшуда мешуморем, бе он ки дар бораи оқибатҳои ҳуқуқиву ахлоқии онҳо андеша намоем. Ин ҳолатҳо аксар вақт ба сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон рух медиҳанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҳар як фарди ҷомеа омили муҳими мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад. Танҳо бо тарбияи маънавӣ, ҳуқуқӣ ва фаъолнокии шаҳрвандӣ метавон ба коҳиши ин падидаи номатлуб ноил гашт…

-Саломат бошед!

Наҳтутӣ Алиева