- Дар самти ташаккули тафаккури миллӣ ва  маънавиёти солим баъзе аз   аҳли зиёи кишвар чаро бетарафанд?

-Муҳим ва мубрам будани  шинохти ислом  дар вазъияти кунунӣ

-Хурофоту таассуб заминаи ифротгароӣ, чаро ходимони дин дар ин марвид аз худ дарак намедиҳанд?

    Масъалае, ки имрӯз ҷомеаро нигарон кардааст, зиёдаравӣ, хурофот ва  падидаи таассуб ва таассубгароӣ буда, ки оқибати хатарборе дар қибол дорад.  Имрӯз масъалаи ҳасос ва мубрами дигар ин доман густурдани иедологияҳои бегона аст, ки бархӯрд бо тафаккури ҷавонон дорад.  Ин ва чанд масъалаҳои нигаронкунандаро   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли гузашта, дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин мавриди таҳлил қарор доданд ва то имрӯз низ аз вазъияти мавҷуда изҳори нигаронӣ менамоянд. 

   Падидаҳое, ки ба ҷомеа ва давлату миллатҳо хатар эҷод мекунанд, мавриди таҳлилу баррасии Президенти кишваранд ва Роҳбари давлат пайваста  бо мардум  дар самти ташаккули маънавиёти солим, андешаҳои бикр ва афкори созанда  таъкид месозанд.   Президенти кишвар дар суханрониҳояшон  хеле воқеъбинона таъкид мекунанд, ки  яке аз сабабҳои ҳамон ҳодисаҳои нохуше, ки  соли 90-ум иттифоқ уфтод, аз бетарафии мардум буд.  Ва имрӯз низ ин бетарафиҳо ба мушоҳида мерасад.

   Масъалаи асосие, ки дар партави мулоқотҳояшон пайваста ишора мешавад,  масъалаи зиёиёни кишвар  аст.  Ва Сарвари давлат таъкид мекунанд,  ки зиёиёни кишварро зарур аст,  баҳри ташаккули таффакури миллии аҳли ҷомеа саъй намоянд ва барои решакан намудани унсурҳои хурофотию таасуби динӣ аз зеҳни насли ҷавон фаъолияти хешро ба роҳ монанд.

   Хурофоту таассуб ва тақлидкорӣ боиси он гардидааст ва ё замина фароҳам овардааст, ки  насли наву ҷавон ба гурӯҳҳои ифротӣ пайванданд. Ва  ин гурӯҳҳои ифротӣ аз ҳисоби ҷавонон нерӯманд шуда, фаъолияти гусутурдатареро бо ҳар роҳу восита роҳандозӣ намоянд.

   Яке аз масъалаҳои ҳасосе, ки дар замони имрӯз дар ҷомеаи башарӣ доман густурдааст, ин бархӯрди тафаккури ҷавонон бо идеологияи бегона мебошад. Ҷавононро бо  идеологияи пурқудрат ва ваъдаҳои дурӯғ маѓзшӯӣ мекунанд ва ба сафҳои ифротии худ мекашанд. Дар ин замина бояд дар байни ҷавонон тафаккури миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Тафаккури миллиро   чӣ гуна бояд ташаккул дод? Саволест матраҳ!

    Дар ҷаҳони имрӯз  ҷараёнҳои гуногун вуҷуд доранд, бархӯрдрҳои гуногун сар мезананд ва агар мо бихоҳем дар раванди ҷаҳонишавӣ  бо дар назардошти бархӯрди бозиҳои геополитикӣ, бархӯрди манфиатҳо байни абарқудратҳо  бо хотири он, ки асолати худро аз даст надиҳем ва онро ҳифз кунем  усули ҳуввиятсозӣ ва тафаккури миллиро дар амал татбиқ намоем. Ҳуввияти дигари ташаккул додани тафаккури миллӣ, ин шинохти ҳуввияти фарҳангии мо ба ҳисоб меравад.

    Усули дигаре, ки дар рақобат, дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонем худамонро ҳифз кунем ва он муборизаҳои шадиду набардҳои фарҳангиву иттилоотӣ ва   ҳуҷумҳои равоние, ки аз тарафи кишварҳои абарқудрат ба самти кишварҳои ҷаҳони сеюм равона гардидааст, ин масъалаи ҳуввияти динӣ маҳсуб мешавад. Шинохти исломи суннатӣ дар шароити феълӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки абарқудратҳо барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳои сиёсии худ бо истифода аз падидае бо номи исломи сиёсӣ ба дасти худи мусуслмонон ба таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои ѓайрисуннатӣ - ифротӣ ноил гардидаанд ва тавассути онҳо дар кишварҳои гуногуни олам, махсусан дар Осиёи Марказӣ низоъҳои сиёсиву диниро ба роҳ мондаву ҳанӯз бар ин фикранд, ки онро  амалӣ намоянд.

     Дар чунин шароит яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар байни тамоми аҳли зиё ва дигар сохтору ниҳодҳо  ин аст, ки ҷавононро  барои шинохти таъриху тамаддун шароит фароҳам оваранд, ва  онҳоро дар устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдории миллӣ саҳим намоянд, инчунин  маҳз бо фаъолияти густурда ва таъмини ҷойҳои корӣ, метавон рисолати таърихии хешро иҷро намоянд…

Наҳтутӣ Алиева