Масъалаи идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва хавфноки ҷомеа мебошад. Он на танҳо хатар  барои ронанда, балки барои мусофирон ва дигар роҳгузарон низ дошта, ба  одамон  мусибати сахт  меорад.  Дар бисёр кишварҳо, идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ   ҷазоҳои сахти ҷиноятӣ ва маъмурӣ  пешбинӣ мешавад. Дар Тоҷикистон низ ин гуна рафторҳои ѓайри қобили қабул мувофиқи қонун ҷораҷӯӣ карда мешаванд.  Зеро, тавре гуфтем ва ба такрор мегӯем, ки  идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ метавонад садамаҳои марговарро ба вуҷуд биёрад. Инчунин  натиҷаи он ҷароҳат бардоштан ё як умр маъюб мондан, марг ё талафоти молиявӣ  метавонад бошад. Барои пешгирӣ аз садамаҳое, ки  омилашон дар ҳолати  мастӣ идора  кардани нақлиёт аст, қонун ҷазоҳои сахт пешбинӣ мекунанд. Ин ҷазоҳо метавонанд ҷаримаҳои молиявӣ, маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ё ҳатто ҳабсро дар бар гиранд. Ҳадаф аз ҷазоҳо  пешгирии рафторҳои хатарнок ва таъмини амнияти роҳҳо мебошад.

    Мутаассифона, баъзан шахсон ҳаёти дигаронро фикр накарда, дар ҳолати мастӣ худро идора карда наметавонанд, аммо мехоҳанд, нақлиётро идора кунанд. Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 3.02.2025  шаҳрванд У. Д. В. барои он бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум  кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин карда шуд.

    Мавсуф, санаи 01.02.2025 тахминан соати 22-15 дақика, дар ҳолати мастӣ сари чанбараки  автомашинаи тамѓаи «ТАЙОТА ЛЭНД КРУЙЗЕР» рақами қайди давлтиаш 00-08 ЕН 01 нишаста, онро идора намудааст. Ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сайёд ба  самти ҷамоати деҳоти  Заршӯёни ноҳияи Сангвор, дар ҳудуди деҳаи Сабзихарф ӯ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба девори  ҳавлии манзили  истиқоматии шаҳрванд И. А. О. бархӯрдаст, ки  дар натиҷа воситаи нақлиёт зарари техникӣ  бардоштааст. Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони ХРД-и ГБДА-и ШВКД дар ноҳияи Сангвор ҳолати мастӣ ва рафтори нодурусти ронанда  ошкор карда шуд.

    Қарори мазкур, дар қисми ҷаримаи маъмурӣ ба тариқи маҷбурӣ ба иҷро расонида шуда, шаҳодатномаи ронандагии У.Д.В. бо талони қайди ҳуқуқвайронкуниаш баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор барои иҷроиш ба РШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт равон карда шуд.

    Бинобар ин, ҳар як ронанда зарур аст, ки баъди нӯшидани машруботи спиртӣ аз идора намудани воситаҳои нақлиёт худдорӣ намояд, то на ба ҳаёти хеш ва дигарон хатар эҷод кунад, на ба касе зарари молиявӣ расонад….

     Зимнан, бояд гуфт, ки барои таъмини амният ва муҳофизати ҳаёти инсонҳо, риояи қонун ва масъулияти шахсӣ  хеле муҳим аст….

             М. Д. Салимзода, раиси суди ноҳияи Сангвор