Либоси миллӣ фарҳанги ниёгон, бибиву бобо ва модарони мо аст, ки аз қадим то имрӯз ба мо мерос расидааст. Чун саҳифаҳои таърихро варақ занем мебинем, ки модарони мо он фарҳангро чун фарҳанги эҳё, фарҳанги ҳаё, фарҳанги миллӣ пос доштаанду гиромӣ.

     Аммо, афсуси зиёд, ки имрӯз як қишри қаҷфаҳми ҷомеаи мо ба либоси миллии хеш арҷ намегузорад. Фарҳанги ғайрро ба бар карда, онро тарғиб мекунанд. Аз сабаби он, ки маърифати баланди худшиносӣ надоранд, он либосро ба бар карда, намоиш медиҳанд ва мисли худашон чандини дигарро ба дарди бегонапарастӣ пойбанд месозанд.

     Чанд саволе дар зеҳнҳо мечархад, ки оё модарону бибиҳои мо куртаи дарозу сиёҳ мепӯшиданд?! Ё сатри арабро ба бар мекарданд?!

     Либоси модари ману шумо он қадар зебо буд, ки фарҳанги баланди ӯро нишон медод. Шарму ҳаёи ӯро дар зоҳираш бо рӯймолаш якҷо оро медод. Бибиҳои мо руймоли ғиҷим ё гардиву гулбаст ва ё докаҳои оддиро  рӯйи сар мепартофтанду як тарафшро рӯи китф мегузоштанд, ки ба ҳусни худоду табии онҳо латофати дигар зам мекард.

      Ва бо шарму ҳаёи шарқиёнаву тоҷикона аз нигоҳи чашмонаш мехондед, ки ӯ бо фарҳанги баландаш дар саргаҳи тамаддун нишастааст. Дар куҷои таърих дидаву хондаед, ки модари тоҷик куртаи сиёҳи дарозу манаҳи бо рӯймоли сиёҳ баста дошт?! Оё медонед, ки ин гуна либос ба бар кардан фарҳанги арабҳо буд? Зеро, онҳо биёбонҳои регзору сангзор ва тафсонро тай мекарданд ба хотири аз офтоб эмин мондан сару рӯйи хешро мепечониданд.

     Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Сангвор низ чунин бонувони аз таърих дурмонда, тамаддунро нашинохта, фарҳангро пушти по задаву фарҳанги дигаронро фарҳанги худ дониста ба чашм мерасанд. Аммо, мо бонувони ин минтақаи кӯҳистон, ки нигоҳдорандаи фарҳангу арзишҳо ва анъаноти миллии хешем, онҳоро бо ин роҳу равиш бо ин худношиносиву ноогоҳӣ ба ҳоли худ намегузорем. Бо ташкили семинару вохӯриву суҳбатҳо ба хоҳарону модарон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Фарҳанги баландовозаи худро ба онҳо бо ҳар усуле, ки дар тавони мо меғунҷад, нишон медиҳем.

     Зеро, либоси миллӣ барои модарони тоҷик, дар тӯли асрҳо ба як рамзи ифтихор, шукӯҳ ва муносибат бо арзишҳои таърихии миллат табдил ёфтааст.

     Либоси миллии тоҷикон, ки пеш аз ҳама бо рангҳои гуворо, нақшҳои мураккаб ва матоъҳои гуногун шӯҳрат дорад, дар даврони муосир ба як эътирофи ҳувият расидааст.  Аз як тараф, ин либосҳо инчунин навъе аз ёдгориҳо ва амонатҳои фарҳангии гузаштагон ба ҳисоб меравад, ки бо ихтиёр ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ба мо расидааст.
     Либоси миллии модарони тоҷик бештар аз матоъҳои абрешимӣ, фарангу атласу адрас, гулдӯзиву шоҳиву гулбаст ва чандини дигар машҳур буданд,  ки ҳар як марҳилаи таърихии миллат ва урфу одатҳои махсуси хонаводаҳоро ифода мекунанд.

      Либоси анъанавӣ ба бонувон имкон медиҳад, ки таърихи хешро эҳсос кунанду шиносанд ва дар гузашти вақт, фарҳанг ва арзишҳои худро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд. Вақтҳои зиёд модарони тоҷик бо дастони худ дар хона дар шоли рангин ё сону сатин ба духтарони хеш гулдӯзиву гулкаширо дар матоъ меомӯхтанд, то дар оянда онро ба мерос гузоранд ва  эътибори  онро то абад ҳифз намоянд.

      Шерозаи почаи модарони мо хос буд. Онро метаниданд ва болояш гулдӯзӣ мекарданд. Аз лобалои таърих мехонем, ки дар сар низ модарони тоҷик дар баъзе минтақаҳо шероза ё пешонибанди махсуси гулдӯзишуда доштаанд. Солҳои баъд, бонувон бо мӯйҳои майдабофишуда, дар сар тоқиҳои чоркунҷаи бо парча наққоширо мепӯшиданд. Баъдан мӯйро болои тоқӣ тоб дода, худро ороиш медоданд.

     Имрӯз атласу адрасу шоҳиву гулбасту парчаву сатин ва чакану дигар либосҳои миллии тоҷикона бо замони нав тарҳрезӣ мегарданду дар тани аксар занони тоҷик хатҳои таърихро бозгӯ мекунанд.

      Пас, месазад, ин анъаноти гузаштагонамонро, ки ойинаи таърих ва фарҳанги миллати мост, бо ҷону дил ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Он дар баробари зебоӣ, муҳтавои амиқи маънавӣ ва таърихӣ дорад. Модарони мо дар тӯли асрҳо бо меҳру муҳаббат ва дастони ҳунарманди худ ин либосҳоро эҷод карда, нигоҳ доштаанд. Ҳар як гулдӯзӣ, ҳар як ранг, нақш ва рамзи ормон, ифтихор ва ҳувияти миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз мо бояд ҳувиятсоз бошем, на ҳувиятфурӯш. Нигоҳ доштан ва эҳтиром гузоштан он ба маънои пос доштани таъриху фарҳанги ниёгонро дорад. Ин арзишҳоро ба наслҳои оянда бояд омӯзонем, то пайванд миёни гузашта ва оянда канда  нашавад.

БАФОЗОДА САДОРАТ,

муовини раиси ноҳияи Сангвор