Ваҳдат калимаест, ки бо маънию охангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онхо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.
Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулх аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27-уми июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.
Тоҷикистони биҳиштосои мо дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва дар ин давра рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мустаҳакам гардиданд ва бисёр давлатҳои тараққикардаи дунё бо кишвари мо робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намудаанд. Имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷаҳон шинохтаву эътироф намудааст. Истиқлол ба ҳар як сокини ватани азизамон неъмати бебаҳост ва он ифодагари рамзи саодат, озодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ мебошад.
Беҳтарин дастоварди миллати тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ сулҳу ваҳдати миллӣ аст.Имрӯз сулҳу ваҳдати тоҷикон дар саросари ҷаҳон маъруф гаштаву мавриди омӯзиши марказҳои илмиву тадқиқотии олам қарор гирифтааст.Дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизи мо бунёдкориву ободонӣ авҷ дорад ва аз ҳама муҳим эътимоду арҷгузории мардуми ин сарзамини биҳиштосо бо арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ қавӣ гардидаасту мегардад.Дар як муддати кӯтоҳи тахрих аз байн бурдани мушкилиҳои зиёд ва бо қадамҳои устувор ба ҷодаи рушд ворид гардидан бо сиёсати гуногунҷабҳа ва бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад.
Вале ин пешрафти ҷабҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба гурӯҳҳои нотавонбини ифротӣ ва террористӣ хуш намеояд.Ин аст, ки дур аз ватан таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ аъзои ҲНИТ ва ҳаммаслаконашон халалдор сохтани зиндагии осоиштаи миллати тоҷикро бо ҳар роҳ амалӣ сохтанианд.
Миллати тоҷик худогоҳу худшинос будаву соҳиби нангу номуси қавӣ аст, барои нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватан талош дорад ва ифтихор мекунад, ки дар чунин як кишвари биҳиштосо зиндагӣ дораду фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон - роҳбари хирадманду халқ парваре ӯро роҳнамоӣ дорад. Дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонати ин давлату миллатро бишканад, зеро роҳи мо роҳи Ваҳдат, Саодат ва Муҳаббат нисбат ба обу хоки Ватани азиз-Тоҷикистон ва сокинони он аст.
Умри неки човидон аз ваҳдат аст,
Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.
Меҳани ободу зебои маро,
Ифтихору шаъну шон аз ваҳдат аст.
ТУЙЧИИ НУРМАҲМАД
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор