Сангвор яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон ба шумор меравад, ки бо ҳавои тоза ва обҳои софу зулолаш маъруф аст. Ин диёри биҳиштосо макони муносиб барои истироҳат ва табобат ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, то имрӯз дар ноҳияи Сангвор истироҳатгоҳ фаъолият намекард.

Дар пайи амалҳои созандаву ташаббусҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин саҳми соҳибкорон, акнун ин иқдом амалӣ шуда истодааст. Бо бунёди истироҳатгоҳ дар Сангвор шароити нави фароғат ва муолиҷа барои сокинон ва меҳмонон фароҳам хоҳад омад.

Ба истиқболи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор як қатор иқдомҳои созандаву ободонӣ роҳандозӣ шудаанд.

Тибқи нақша, то соли 2026 бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат сохтмони ҳаммом анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, бо сармоягузории соҳибкор Хоҷаев Қиёмиддин дар ноҳия табобатгоҳ-истироҳатгоҳ бунёд гардида, ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар баробари ин, то соли 2025 дар маркази ноҳия коргоҳи бандубасти асал таъсис меёбад, ки барои коркарду бастабандии маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар ҷамоатҳои деҳоти Заршӯён ва Вахиё то соли 2026 боғҳои интенсивӣ бунёд мешаванд, ки саҳми арзандае дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ хоҳанд дошт.

Ин иқдомҳо аз ватандӯстиву садоқати ҷавонону соҳибкорони бонангу номуси Сангвор дарак дода, дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва зебоии бештари он мусоидат менамоянд.