Савдои одамон ё тиҷорати инсон яке аз зуҳуроти нигаронкунанда дар ҷомеа мебошад, ки ҳуқуқ ва арзишҳои инсонро поймол мекунад. Ин амал на танҳо боиси халалдор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон мегардад, балки барои амният, солимии ҷомеа ва рушди устувори кишвар хатар эҷод мекунад. Ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст бо чораҳои муассир, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, таҳкими қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ин зуҳуротро пешгирӣ намоянд. Ҳифзи шаъну номуси инсон ва таъмини ҳуқуқи аслии ӯ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.

Агар ба таърихи ин падидаи номатлуб назар афканем, савдои одамон яке аз падидаҳои нангини таърихӣ аст, ки садсолаҳо вуҷуд доштааст. Аз давраҳои қадим, вақте ки истисмор ва ғуломдорӣ паҳн буд, инсонҳо ба фурӯш ва хариди мардуми дигар барои кору ҷанг ва хизматрасонӣ ҷалб мешуданд. Дар асрҳои миёна ва давраи колонизатсия ин амал ба шаклҳои системавӣ ва ташкилёфта табдил ёфт. Бо гузашти замон ва таҳкими меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, савдои одамон ҳамчун ҷинояти фарогир эътироф шуд ва созишномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ ва ҷазои он қабул гардиданд. Бо вуҷуди ин, то имрӯз ин падида дар баъзе минтақаҳо бо шаклҳои муосир, аз ҷумла муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷалби маҷбурӣ ба кор, ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад.

Дар толори барҳавои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ тамоми кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, Паёмро бо таваҷҷуҳи хос тамошо карданд. Ҳамзамон, дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, 5 ҷамоати ноҳияи Сангвор ва масҷиди марказии ноҳия низ Паёми Сарвари давлат ба таври дастаҷамъона тамошо гардид.

Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири нуктаҳои муҳими ҳаётан муҳим барои мардуми сарбаланди тоҷик буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, инчунин тарбияи насли худогоҳу ватандӯст мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуданд.

Ҳамагон Паёми Сарвари давлатро ҳамчун роҳнамои муҳими рушди минбаъдаи кишвар ва дастури амал барои фаъолияти минбаъдаи худ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои татбиқи ҳадафҳо ва супоришҳои дар Паём зикршуда тамоми кӯшишу имкониятҳоро сафарбар хоҳанд кард.

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор чорабинии сиёсӣ бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

5-уми ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо ташаббуси Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - санади тақдирсози миллат» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Муовини якуми раиси ноҳия Муҳамадизода М. дар суханронии худ иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз, заминаи мустаҳками пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Ӯ таъкид кард, ки риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия кафили таҳкими қонуният, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар аст.

Раиси суди ноҳия дар навбати худ таъкид намуд, ки Конститутсия ҳамчун пояи устувори низоми ҳуқуқӣ ва кафили адолати судӣ барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳиму калидӣ дорад. Ӯ афзуд, ки бе иҷрои дақиқи меъёрҳои он татбиқи адолат ва қонуният имконнопазир аст.

Дар зимн, прокурори ноҳия зикр кард, ки Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки роҳнамо барои тамоми сохторҳои давлатӣ дар татбиқи сиёсати қонунмандӣ ва таъмини адолат дар ҷомеа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин санади муҳим тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсиро ба низом медарорад ва кафолати амнияти ҳуқуқии шаҳрвандон аст.

Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашудаи ҷолиб бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар барнома сурудҳои ватандӯстона дар васфи  ватан, ваҳдат ва муҳтавои башардӯстонаи Конститутсия садо доданд.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пояи устувори давлатдории миллӣ минбаъд низ раҳнамои амалии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ боқӣ хоҳад монд.

Туйчӣ Нурзода