Ё гумроҳшавӣ дар асри иттилоот...
Дар замоне, ки абарқудратон мехоҳанд дунёро зери итоати худ дароранд, шинохти аслии хеш ва маърифати баланд, ягона силоҳи қавӣ ба шумор меравад. Ҷавонон, бахусус онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунанд ва аз паёмҳои гуногун ва иттилооти бардуруғ бохабар мешаванд, бояд аввал истеъдоди шинохти аслии худро дар худ парвариш диҳанд, то тавонанд воқеиятро фарқ кунанд, то ба доми даъватҳои бардуруғ наафтанд.
Маърифати баланд ба ҷавонон имкон медиҳад, ки бо огоҳӣ аз ҳар иттилооту маълумот кор гиранд, ба муқобили сухани ба қавле “муассир”-и манфиатҷӯён бо иродаву матонати ватандориву тамаддундорӣ истодагарӣ намоянд. Тундгароёнро шиносанд ва роҳи дурустро барои худ интихоб кунанд.
Таҳлилгарону сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҳамешаву пайваста тариқи расона ва дигар пойгоҳҳои иттилоотӣ мегӯянд, ки дар кишварҳои ҷангзада, онҳое, ки оташи ҷангро дар гирондаанд, зарар намебинанд, танҳо аҳолӣ аз азобу шиканҷа ва талафоти зиёд ранҷ мебинад.
Ифротгароён ҳар лаҳза вазъро тағйир медиҳанд, агар ин маротиба бо идеологияи пурзӯр баромад намоянд, бори дигар усули навро меҷуянд ва ҷангро дар майдони низомӣ не, балки дар майдони пойгоҳҳои иттилоотӣ шадидтар месозанд...
Ҷавонони гумроҳ ва бедониш инро дарк накарда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба иттилооти бардуруғ ва даъватҳои ифротгароён бовар мекунанд ва худро ба доми онҳо меандозанд. Аз наворҳо ва иттилоотҳои паҳншуда дида мешавад, ки гурӯҳҳои ифротгаро ҷавононро ба роҳҳои нодуруст ва амалҳои харобкорона раҳнамун мекунанд, онҳоро ба боварҳои сохта ва даъватҳои ифротӣ гирифтор месозанд.
Ифротгароён медонанд, ки нуқтаи заифи љавонон дин аст, онҳо аксари паёмҳоро аз номи дин паҳн мекунанд ва дар ниқоби дин онҳоро гумроҳ месозанд.
Бубинед, имрӯз ҳастанд ҷавононе, ки ҳатто номашонро дуруст навишта наметавонанд, аз манфиатдорӣ, сиёсат, таърих ва фарҳанг огоҳ нестанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд ва бо ҳар роҳу восита ба навиштаҳои тундравона ва сиёсии бардуруғ «лайк» мегузоранд ва ҳатто онҳоро паҳну тарғиб мекунанд. Ин раванд таъсири ҷиддии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад ва метавонад ояндаи ҷавононро ба хатар гузорад.
Бояд донист, ки имрӯз мо дар замони шадиди муборизаи иттилоотӣ қарор дорем, ки ҷангҳо тавассути сухан ва иттилоъ дар гушаву канори дунё густариш ёфтаанд. Ин моро водор мекунад, ки бо дониш, огоҳӣ ва маърифати сиёсиву фарҳангӣ мустаҳкам шавем, то тавонем бар зидди иттилооти бардуруғ ва даъватҳои ифротӣ муқовимат кунем.
Вале, ҳайҳот, ки баъзе ҷавонон он қадр гумроҳ шудаанд, ки дигар раҳму инсоф дар дили онҳо намондааст. Онҳо садои тифлакони бегуноҳеро, ки дар хун оғӯшта шудаанд, намешунаванд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пайдо мешаваду чарх мезанад, ки дили касро реш месозад. Аз миёни он наворҳои дарднок, садои тифлаке баланд мешавад, ки мегӯяд: «Агар назди Худо равам, аз шумо шикоят хоҳам кард. Ин зулматонро пеши Худо мебарам…». Ва тифлаки дигар бо ашки чашм мегӯяд: «Модарам дигар нест, хонаамон вайрон шуд... »
Ин садои тифлакони бегуноҳ аст, ки ба дили санги ифротгароёну манфиатхоҳон асар накард ва намекунад. Бояд ин садоҳои дардноки тифлакон барои ҳар як инсон, бахусус баро љавонони гумроҳ нидои бедорӣ ва бедоршавӣ бошад. Аммо мутаассифона, ҷавонони гумроҳ ба ҷойи шунидани ин садоҳои ҳақиқат, ба паёмҳои бардуруғ ва даъватҳои ифротгароён гӯш медиҳанд, ки онҳоро ба бераҳмӣ, душманӣ ва нафрат раҳнамун месозанд.
Ин намоиши қудрат ва покии кӯдакони бегуноҳро нишон медиҳад, ки ҳатто дар вазъияти фоҷиавӣ, мехоҳанд дар оғуши модар ва зиндагии пур аз ханда дошта бошанд. Бисёр ѓамангез аст, ки на ҳамаи ҷавонони гумроҳ, аз сиёсату таъриху тамаддун огоҳӣ доранд.
Дар ин замони гирудорҳо , бедонишӣ ва камдонишӣ касро ба гирдоби ғафлат мекашад, аз зиндагӣ маҳрум мекунад ва ҳастии ҳар миллатеро зери савол мебарад.
Имрӯз мо дар замони шадиди муборизаи иттилоотӣ қарор дорем. Ҷавонон бояд бо дониш, огоҳӣ, маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам шаванд, то тавонанд бар зидди иттилооти бардуруғ ва даъватҳои ифротӣ муқовимат кунанд ва ба роҳи дуруст раванд...
Шодӣ Раҳмонов,
мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Сангвор



