Савдои одамон ё тиҷорати инсон яке аз зуҳуроти нигаронкунанда дар ҷомеа мебошад, ки ҳуқуқ ва арзишҳои инсонро поймол мекунад. Ин амал на танҳо боиси халалдор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон мегардад, балки барои амният, солимии ҷомеа ва рушди устувори кишвар хатар эҷод мекунад. Ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст бо чораҳои муассир, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, таҳкими қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ин зуҳуротро пешгирӣ намоянд. Ҳифзи шаъну номуси инсон ва таъмини ҳуқуқи аслии ӯ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.
Агар ба таърихи ин падидаи номатлуб назар афканем, савдои одамон яке аз падидаҳои нангини таърихӣ аст, ки садсолаҳо вуҷуд доштааст. Аз давраҳои қадим, вақте ки истисмор ва ғуломдорӣ паҳн буд, инсонҳо ба фурӯш ва хариди мардуми дигар барои кору ҷанг ва хизматрасонӣ ҷалб мешуданд. Дар асрҳои миёна ва давраи колонизатсия ин амал ба шаклҳои системавӣ ва ташкилёфта табдил ёфт. Бо гузашти замон ва таҳкими меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, савдои одамон ҳамчун ҷинояти фарогир эътироф шуд ва созишномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ ва ҷазои он қабул гардиданд. Бо вуҷуди ин, то имрӯз ин падида дар баъзе минтақаҳо бо шаклҳои муосир, аз ҷумла муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷалби маҷбурӣ ба кор, ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад.
Онҳое, ки ба савдои одамон машғуланд, асосан ду мақсад доранд, фоидаҷӯӣ ва қудрат. Онҳо кӯшиш мекунанд бо истифодаи заифии молиявӣ, иҷтимоӣ ва беэътибории баъзе шахсони осебпазир одамонро ба қурбониҳои худ табдил диҳанд. Ин амалҳо аксаран бо фишор, таҳлука, фиреб ва таҳдид анҷом меёбанд ва шахсони қурбонӣ имкони озодона интихоб кардани зиндагии худро аз даст медиҳанд. Ҳадафи асосии тиҷорати инсон на ин ки рушди шахс ва ҷомеа, балки ба даст овардани манфиатҳои шахсии бо роҳи ноқонунии молӣ мебошад.
Аксарият онҳое, ки қурбони савдои одамон мешаванд, шахсони осебпазиранд, кӯдакон, духтарон ва ҷавонон, ки ба иллати камбуди огоҳӣ, ниёз ба кор ва ё мушкилоти оилавӣ дар муҳити худ заиф мемонанд. Қурбониҳо одатан бо ваъдаҳои бардурӯғ, фиреб, фишор ё таҳдид ҷалб мешаванд ва баъзан ҳатто бо роҳи қочоқ ё рабудани маҷбурӣ ба кишварҳои дигар бурда мешаванд. Онҳо ба корҳои иҷборӣ, аз ҷумла корҳои саноатӣ, хизматрасонӣ, ҷинсӣ ё қочоқи маводи мухаддир маҷбур карда мешаванд ва имкони рад кардан ё наҷот ёфтан намеёбанд. Ин амалҳо на танҳо ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд, балки ба саломатӣ ва рӯҳияи қурбониҳо осебҳои ҷиддӣ мерасонанд.
Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, № 403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027» чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Ҳамзамон, қарори раиси ноҳия аз 26 сентябри соли 2025, № 287 ба тасвиб расида, чорабинӣ тасдиқ шудааст. Аз тарафи гурӯҳи корӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла занону ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар 5 ҷамоати деҳоти ноҳия беш аз 10 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ ва чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ гузаронида шудаанд.
Дар давоми соли равон тибқи нақшаи татбиқнамудаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Хингоб” дар мавзӯъҳои «Хавфнокӣ ва оқибатҳои савдои одамон» ва «Нест бод, савдои одамон» дар деҳаҳои сераҳолӣ 12 маротиба семинарҳо баргузор гардиданд. Ҳангоми семинарҳо сокинон бо хавфу хатарҳои хариду фурӯши одамон шинос шуда, маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Дар баробари ин, навиштаҷотҳои таблиғотӣ, овезаҳо ва китобчаҳо вобаста ба муқовимат ба савдои одамон ҳангоми семинарҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуданд.
Пас, ҳар як шахс бояд ҳушёр бошад ва ба фиребу найрангҳо, ба фишору ваъдаҳои бардурӯғ дода нашавад. Савдои одамон як зуҳуроти нангин аст ва қурбони он метавонанд ҳам кӯдакон ва ҷавонон, ҳам шахсони осебпазир шаванд.
Дар замоне, ки роҳҳо ва рафтуомадҳо ба чор самти ҷаҳон имконпазир аст, ҳар як шахс бояд огоҳии комил дошта бошад, то қурбонии савдои одамон ва ё дигар зуҳуроти хатарнок нашавад. Фиреб, таҳдид ва фишор метавонанд шахсони заифро саҳлакак ҷалб кунанд, аз ин рӯ донишу ҳушёрӣ, риояи қонун ва эҳтиёткорӣ муҳим мебошанд. Ҷавонон ва шахсони осебпазир бояд доимо огоҳ бошанд ва ҳангоми сафар ё алоқа бо шахсони ношинос эҳтиёткориро фаромӯш накунанд.
Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор



