Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор чорабинии сиёсӣ бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
5-уми ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо ташаббуси Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - санади тақдирсози миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Муовини якуми раиси ноҳия Муҳамадизода М. дар суханронии худ иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз, заминаи мустаҳками пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Ӯ таъкид кард, ки риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия кафили таҳкими қонуният, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар аст.
Раиси суди ноҳия дар навбати худ таъкид намуд, ки Конститутсия ҳамчун пояи устувори низоми ҳуқуқӣ ва кафили адолати судӣ барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳиму калидӣ дорад. Ӯ афзуд, ки бе иҷрои дақиқи меъёрҳои он татбиқи адолат ва қонуният имконнопазир аст.
Дар зимн, прокурори ноҳия зикр кард, ки Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки роҳнамо барои тамоми сохторҳои давлатӣ дар татбиқи сиёсати қонунмандӣ ва таъмини адолат дар ҷомеа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин санади муҳим тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсиро ба низом медарорад ва кафолати амнияти ҳуқуқии шаҳрвандон аст.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашудаи ҷолиб бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар барнома сурудҳои ватандӯстона дар васфи ватан, ваҳдат ва муҳтавои башардӯстонаи Конститутсия садо доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пояи устувори давлатдории миллӣ минбаъд низ раҳнамои амалии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ боқӣ хоҳад монд.
Туйчӣ Нурзода



