6 ноябри соли 2025, дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Сангвор маросими бошукӯҳи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ҳарбӣ, ватандӯстӣ, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор роҳандозӣ шуд, муовини якуми раиси ноҳия, раиси суди ноҳия ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия иштирок намуда, ба наваскарон паёми табрикотӣ ироа карданд.
Муовини якуми раиси ноҳия, Муҳамадизода М. дар суханронии худ таъкид намуд: «Савганди ҳарбӣ рамзи садоқат ба Ватан ва қасди ҷасурона дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлативу миллӣ мебошад. Наваскарон бояд донистани Конститутсия ва эҳтироми қонунро шиори зиндагии худ қарор диҳанд, зеро муҳофизати Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди тоҷик аст.»
Зимни баргузории чорабинӣ, наваскарон бо садоҳои пурифтихори “Савганди ватандорӣ” ба Ватан ва халқи Тоҷикистон садоқат изҳор намуда, машқҳои ҳарбӣ ва гузашти низомӣ баргузор карданд.
Ҳамзамон, пас аз қисми расмии маросим, барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳаваскорон ва ҳунармандони юазши фарҳанги ноҳия намоиш дода шуд.
Туйчӣ Нурзода



