Дар толори барҳавои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ тамоми кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, Паёмро бо таваҷҷуҳи хос тамошо карданд. Ҳамзамон, дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, 5 ҷамоати ноҳияи Сангвор ва масҷиди марказии ноҳия низ Паёми Сарвари давлат ба таври дастаҷамъона тамошо гардид.
Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири нуктаҳои муҳими ҳаётан муҳим барои мардуми сарбаланди тоҷик буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, инчунин тарбияи насли худогоҳу ватандӯст мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуданд.
Ҳамагон Паёми Сарвари давлатро ҳамчун роҳнамои муҳими рушди минбаъдаи кишвар ва дастури амал барои фаъолияти минбаъдаи худ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои татбиқи ҳадафҳо ва супоришҳои дар Паём зикршуда тамоми кӯшишу имкониятҳоро сафарбар хоҳанд кард.



