Сангвор яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон ба шумор меравад, ки бо ҳавои тоза ва обҳои софу зулолаш маъруф аст. Ин диёри биҳиштосо макони муносиб барои истироҳат ва табобат ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, то имрӯз дар ноҳияи Сангвор истироҳатгоҳ фаъолият намекард.
Дар пайи амалҳои созандаву ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин саҳми соҳибкорон, акнун ин иҷдом амалӣ шуда истодааст. Бо бунёди истироҳатгоҳ дар Сангвор шароити нави фароғат ва муолиҷа барои сокинон ва меҳмонон фароҳам хоҳад омад.
Ба истиҷболи ҷашни 35-умин солгарди Истиҷлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор як ҷатор иҷдомҳои созандаву ободонӣ роҳандозӣ шудаанд.
Тибҷи наҷша, то соли 2026 бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат сохтмони ҳаммом анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, бо сармоягузории соҳибкор Хоҷаев Ҷиёмиддин дар ноҳия табобатгоҳ-истироҳатгоҳ бунёд гардида, ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар баробари ин, то соли 2025 дар маркази ноҳия коргоҳи бандубасти асал таъсис меёбад, ки барои коркарду бастабандии маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар ҷамоатҳои деҳоти Заршӯён ва Вахиё то соли 2026 боғҳои интенсивӣ бунёд мешаванд, ки саҳми арзандае дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ хоҳанд дошт.
Ин иҷдомҳо аз ватандӯстиву садоҷати ҷавонону соҳибкорони бонангу номуси Сангвор дарак дода, дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат ба рушди иҷтисодиву иҷтимоии ноҳия ва зебоии бештари он мусоидат менамоянд.