- Диданд: 460
Аз ҷониби кормандони суди ноҳияи Сангвор, мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ як қатор чорабиниҳои судманд дар ҳудуди панҷ ҷамоати деҳоти Сангвор доир кард шуданд. Аз ҷумла, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ дар корхонаҳо, идораву муассисаҳои маркази ноҳия,ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара, Чилдара ,Вахиё, Заршӯён ва Ваҳдат бо сокинон мунтазам вохӯрию суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Онҳо дар суҳбатҳо бо сокинон шарҳу тафсири меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар тарҳи нав бо тағйироту иловаҳо қабул карда шуданд, инчунин тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидаро расонида, оқибатҳои риоя нашудани меъёрҳои ин қонунҳоро шарҳу эзоҳ медиҳанд.
- Диданд: 617
ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 ноябр то 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Кирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
- Диданд: 580
Маркази назарсанҷии "Геллап" (Gallup) Тоҷикистонро дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд".
Натиҷаи ин назарпурсӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки бар асари бераҳмӣ ва бадрафтории полис дар як соли охир дар Тоҷикистон дастикам ду нафар кушта ва даҳҳо тан шиканҷа дидаанд.
Гузориши нави "Геллап" охири моҳи октябр нашр шуд ва хулосаи сокинонро дар бораи боварӣ ба пулис ва эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад.
Дар ин раддабандӣ ё рейтинг Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, аз ҳазор сокини Тоҷикистон рӯбарӯ пурсидаанд, ки ба пулиси маҳаллӣ эътимод доранд ва аз саёҳати шабона дар кишварашон метарсанд, ё не? Ба хулосаи "Геллап", аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд.
Назарпурсӣ дар 141 кишвар тариқи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар ин назарпурсӣ ширкат кардаанд.
Тақрибан аз 10 нафар 7 нафар ё 71 % дар саросари ҷаҳон гуфтаанд, дар соли 2022 ҳангоми шабона дар маҳалли зисти худ танҳо сайругашт кардан худро амн ҳис кардаанд. 72 дарсад гуфтаанд ба пулиси маҳаллӣ боварӣ доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар гуфтаанд, ки дар соли гузашта амволи онҳо ё аъзои дигари оилаашон дуздида шудааст. Аз 16 нафар як нафар гуфтааст, ки дар соли гузашта мавриди ҳамла ё дуздӣ қарор гирифтааст.
Бори аввал дар чунин як пурсише Тоҷикистон бо гирифтани 96 хол дар ҷои якум ва Либерия бо 49 хол дар зинаи охирин қарор гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта ин ду зинаро мутаносибан Сингапур ва Афғонистон ишғол мекарданд.
Саҳифаи 24 аз 29



