Субҳи санаи 8 майи соли равон дар назди Нишони давлатӣ дар ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии Рӯзи ғалаба дар Ҷанги             Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

       Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор      роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
  Аз ҷониби Раиси ноҳия ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорон бо ин муносибат табрику шодбош      гуфта шуд.
  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консерти омода намуда манзури ҳозирин гардониданд.
 
 
   
 
   
 

Баргузории идомаи аксияи тарғиботӣ - ташвиқотии "Тоҷикона мепӯшем" 

  

  

     Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҷавонони ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

     Инчунин мувофиқи Фармони мазкур  хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

     Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.

     Дар ноҳияи Сангвор низ маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад, ки  бо мақсади таъмини амният ва суботи кишвар сурат мегирад.