Ваҳдат, сулҳу салоҳ барои ҳар як миллат арзиши бузургу тақдирсоз дорад. Миллате, ки дар он мардум бо якдигар ҳамдилу ҳамфикр бошанд, сулҳро арҷ гузоранд ва дар фазои созандагӣ зиндагӣ кунанд, метавонад ба пешрафт, ободӣ ва шукуфоӣ бирасанд.

   Сулҳ ва ваҳдат на танҳо замина барои суботи сиёсиву иҷтимоӣ мебошад, балки шарти асосии рушди иқтисод, илм, фарҳанг ва маърифат низ ҳаст. Таърих нишон медиҳад,  миллатҳое, ки ба ихтилофу низоъ роҳ додаанд, ба сустшавии пояҳои давлатдории худ гирифтор шудаанд.

   Пойдории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту бедордил мебошад. Мо бояд бо эҳтиром ба якдигар, ба арзишҳои миллӣ, ба фарҳанг ва забони модарӣ, барои таҳкими ин неъматҳои бебаҳо саҳм гузорем.

   Танҳо дар фазои сулҳу субот аст, ки орзуҳои наслҳои нав ба воқеият табдил меёбанд ва ояндаи дурахшони миллат таъмин мегардад.

    Дар тӯли таърихи навини Тоҷикистон, солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ яке аз саҳифаҳои талху таълимомӯзи миллат ба ҳисоб меравад. Ноҳияи Сангвор низ чун дигар минтақаҳои кишвар дар гирдоби ин ҷанги таҳмилии бародаркуш осеб дид. Ин замин, ки имрӯз орому обод аст, замоне саҳнаи нооромиҳо ва дарду ҷудоиҳову хунрезињо  буд.

     Чангҳое, ки дар он солҳо ҷараён доштанд, на аз иродаи мардуми осоишта, балки зодаи фитнаҳои берунаву ихтилофҳои дохилӣ буданд. Садҳо нафарон хонавайрон шуданд, бисёре аз ҳамдиёрон ҷон бохтанд ё маҷбур ба тарки диёр шуданд. Ин лаҳзаҳо моро водор месозанд, ки сулҳу ваҳдатро ба мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

    Баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва иродаи мардуми тоҷик, марҳилаи наве оғоз гардид. Имрӯз дар Сангвор — диёри мардони шуҷоъу меҳнатқарин, бунёдкорӣ, созандагӣ ва рушди соҳаҳои гуногун равнақ дорад. Мактабҳо, роҳҳо, марказҳои фарҳангӣ ва тиббӣ, садњо иншооту биноњои зебо бунёд гардиданд, ки  ҳамаи ин нишонаи сулҳу оромиш аст.

    Мо бояд аз таърих сабақ гирем, ки  сулҳ неъмати бузургест, ки бе он рушду пешрафт номумкин аст. Ваҳдат — кафили ҳастии миллат аст. Ҳар як ҷавони имрӯз бояд бидонад, ки сулњ чї ќимате дошт ва барои барқарор кардани сулҳ Президенти он ваќт љавони тољик чї талошу љонбозињое, ки кард ва чӣ гуна бояд онро ҳифз кунему гиромї дорем…

   Зеро миллате, ки сулҳу ваҳдатро пос медорад, сазовори фардои дурахшон аст.