Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни  муқаддас маҳсуб мешавад.

      Дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ  Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ  дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

     Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

     Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид, 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар намуда, дар дигар намудани маҷрои дарёи Вахш иштирок намуданд.

      Баъди заҳматҳои зиёд, аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба кор даромад. Ба истифода додани  аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватанамон заҳмат кашида, давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд.

      Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ  карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст.  Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ  миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ  мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.

     Дар даврони Истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон - Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

      Бо зикри дастовардҳои 33 соли даврони Истиқлолият ин нуктаро таъкид намудан бамаврид аст, ки ифротгароӣ ва дигар пас, муборизаи мо бар муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

     Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: «Дар натиҷа мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад».

     Дар дунё чандин мардумоне арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар  ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд.

     Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт  мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва  замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин  заҳмат ба харҷ диҳем.

 

Муовини раис  Бафозода Садорат