Субҳи босафои 9-уми сентябр, мардуми сарбаланди  ноҳияи Сангвор бо рӯҳияи болида, 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирифтанд. Дар варзишгоҳи ноҳия чорабинии идона, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти деҳқон, ҳамчунин бозиҳои гуногуни варзишӣ ва барномаи калони фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Давлатзода Сулаймон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор ва тамоми сокинони ноҳия ва ҷамоатҳои он ширкат доштанд.

Иштирокчиён пеш аз оғози чорабинӣ аз гӯшаи намоиши дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дидан карданд. Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон ва раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ дар суханрониҳои худ ин рӯзро табрик гуфта, таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ натиҷаи талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва заминаи рушди кишварро фароҳам овардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва фарҳанг дастовардҳои назаррас ба даст овардааст. Ҳамзамон, барномаи чорабинӣ бо тақдими сипоснома ба соҳибкорон, собиқадорон ва омӯзгорони фаъоли ноҳия идома ёфт.

Барномаи рангини ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хосса бахшид.