Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ,      ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои       водии Рашт ташриф оварданд.

  Ноҳияи Сангвор дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои    рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, сокинонаш ба дастовардҳои зиёди меҳнатӣ     дар тамоми соҳаҳо ноил гардидаанд.

 

 

          Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз     гардид ва мардуми меҳнатқарини ин ноҳия Пешвои миллатро бо руҳияи болида ва ифтихори баланд аз     ватану    ватандории миллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

                    

 

 

  Рӯзи даъватшаванд!

        

 

              

 

 

 

 

 

 

 

Ҳар сол дар саросари ҷумҳурии азизамон рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз  мегардад.

           Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

 

 

 

 

Тибқи амри раиси ноҳия аз 28 январи соли ҷорӣ, №13 доир ба баррасии Пайёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, аз тарафи

мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи таблиғотӣ таъсис дода шуда, дар ҳудуди ноҳия вохурӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида мешавад.

 

 

 

                  

    Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати иҷрои банди 20 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 чораандешӣ намуда истодааст.

Қайд менамоем, ки даври ноҳиявии “Озмуни дастархонороӣ” рӯзи 25 январи соли 2019 дар маркази ноҳия бо иштироки фаъолон, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳалла, имомхатибон баргузор гардид.

 

Дар озмун 15 нафар кадбонуҳои моҳир аз ҷамоатҳои деҳот иштирок доштанд, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд. 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор баҳри амалӣ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 минбаъд низ чораҳои мушаххас меандешад.