- Диданд: 434
Раиси ноҳия бонувони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.
Инчунин зан-модарро рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар номиданд.
Бахшида ба Рӯзи Модар санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барои болидаруҳии бонувон чорабинии фарҳангию фароғати баргузор намуданд.

- Диданд: 412
Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор санаи 20 феврали соли равон дар ноҳия чорабинии идона ба ифтихори сазовор таҷлил намудани 32-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрику муборакбод гуфтанд.
Як қатор кормандони камисарияти ҳарбӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин баҳри болидаруҳии ҳозирин чорабинии фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия пешниҳод гардид.

Саҳифаи 31 аз 48












