- Диданд: 409
Дар гӯши халқи мо ҳанӯз садои он суханони таърихии Президенти ҷавон, Эмомалӣ Раҳмон, садо медиҳад:
«То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ман ором намегирам!»
Ин суханон танҳо як шиор набуданд, балки қасам ва ваъдае ба мардум буданд, ки дар он рӯзҳои норӯшани ҷанг ягона шуълаи умед ба ҳисоб мерафтанд. Вақте ки мардум шикаста ва парешон буданд, вақте ки дили модар бо андешаи фарзанди гуреза пора буд, ин садо -ором, вале устувор, дили ҳазорҳоро дубора ба зиндагӣ пайваст.
Садои он суханон дар гӯши миллат монд, чун аз дили инсон баромада буд, на аз минбари сиёсӣ. Ва вақте ҳазорон гуреза дубора ба оғӯши Ватан баргаштанд, вақте ки Тоҷикистон зери парчами сулҳу ваҳдат зиндагии нав оғоз кард, мардум дарк кард: ин ваъда иҷро шуд, бо ҷонфидоӣ, сабр ва меҳри бепоёни ватандорӣ.
Ин сухан рамзи садоқати Пешвои миллат ба халқу кишвар аст. Он ба мо ёд дод, ки раҳбарӣ ба масъулият ва фидокорӣ вобаста аст. Ва имрӯзи осудагии мо, шодии кӯдакони хушлаҳн, рӯшноии осмони пур аз сулҳ, ҳама шоҳиди онанд, ки он ваъда дар амал татбиқ ёфт.
Садои он сухан имрӯз ҳам дар гӯши миллат боқист, чун садои ваҳдат, садои сулҳ, садои умед.
Олимзода Абдулло,
муовини раиси ноҳияи Сангвор
- Диданд: 385
Ба ифтихори 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Сангвор маросими гулчанбаргузорӣ баргузор гардид.

- Диданд: 413
Дар асоси Нақша чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Мудофиаи кишвар маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбиии 02011 "В"- и дар ноҳияи Сангвор буда дар майдони назди қисми ҳарбии мазкур дар доираи Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.

- Диданд: 388
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оила, бахши фарҳанг чорабинии Рӯзи оиларо дар Қасри фарҳанг бо иштироки яке аз оилаҳои намунаи деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тавилдара Раҷабов Мирзохудои ташкил ва баргузор намуданд.


Саҳифаи 29 аз 48









