Оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори Сулху вахдати милли Пешвои Миллат аз 15.12.2020 сол
Тибқи барқияи ҳукуматӣ аз 17 декабри соли 2020 бо №24/10-48 роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 №АП-1059 дар шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд якҷоя бо раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба баррасии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли 2020 дар маҷлис бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён доштанд суҳбату вохурӣ доир намуданд. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли 2020 баён доштанд, чунин масъалаҳоро дар бар мегирад.
-Расонидани арзу сипоси Сарвари давлат ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар давраи интихоботи Президентӣ
-Шарҳи муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидисухторӣ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот
-Вусъати корҳои ободоню созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва рӯзи Истиқлолият
- Корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, ташкили ярмаркаи ниҳолфурушӣ -Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, гармхонаҳо ва захираи озуқа дар ҳар як оила
-Риояи қоидаҳои санитарию эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ
- Таҳлили натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо дар соли 2020 дар муқоиса ба соли 2019 вазифаҳо дар соли 2021
-Ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистон, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо, захираи молу маҳсулот дар корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор раиси Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон бо гуруҳи кории кумита ба ноҳияи Сангвор ташриф оварда бо аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия суҳбату вохурӣ дар якҷоягӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир намудаанд.