Дар доираи дастуру супоришҳои  сарвари кишвар ва эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  баҳри шарҳу тавзеҳи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии эшону донистани қонун аз тарафи ҳар як шаҳрванд пайваста гурӯҳҳои корӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии кишвар сафарбар гардида, бо мардум аз наздик суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

     Ҳамзамон дар таърихи 19 –уми июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардорони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида шуд, ки  дар ин вохӯрӣ Раҳим Зафар – муовини директори Муассисаи давлатии маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода иштирок намуда, бо маърӯза ва суҳбати пурмуҳтавои хеш тавонистанд ба иштирокчиён як ҷаҳон ғизои маънавӣ  бахшанд.

 

    Чунки иштирокчиёни ин вохӯрӣ аз баъзе масоили норӯшани ҳуқуқӣ ва муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ гаштанд, ки ин ҳама идрок ба манфиати онҳо буда, минбаъд метавонанд донишҳои андӯхташонро дар зиндагии рӯзмараи хеш сармашқи кор намоянд.

    Аҳли толор аз ин фурсати муносиб истифода бурда, аз баъзе масоили мубрами зиндагии хеш аз намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суолу пурсишҳо огоҳӣ пайдо намуданд. Ин вохӯрӣ дар як сатҳи волою гирифтани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳия ба анҷом расид.