Дар доираи гузаронидани силсилачорабиниҳо таҳти унвони “Моҳвораи ҷавонон” бахшида ба Рӯзи ҷавонон бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор ва литсейи касбии техникии ноҳия баҳри омӯхтани касбу ҳунар бо муҳассиллин суҳбату вохӯриҳо гузаронида, баъдан, амалан эшонро баҳри дидан кардан аз шароити будубош ва таҳсили ҳунарҷӯёни литсейи касбии техникии ноҳия рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ ба ин даргоҳ сафарбар намуданд.
Дар натиҷа муҳассилин ба ин даргоҳ ташриф оварда, аз фаъолияти литсейи касбӣ - тнехникии мазкур аз наздик ошно шуданд. Аз шароити таҳсили ҳунарҷӯён, аз ҷумла аз таҷҳизотҳои техникии барои амалӣ гузаронидани машғулиятҳо, китобхона, манзили будубош ва ошхонаю толори дарстайёркунии эшон дидан намуда, баъдан бо худи ҳунарҷӯён суҳбату вохӯрӣ гузарониданд. Ҳангоми суҳбат директори литсейи касбии техникии ноҳия Раҳмонов Тоҳир ва ҳунарҷӯёни ин даргоҳ аз шароити таҳсил дар ин боргоҳи касбу ҳунар ба ташрифоварандагон пурра маълумот доданд. Баъдан муҳассилин низ ба музокира баромада, баҳри фаҳмидани баъзе масоили ба онҳо ноошно ба ҳунарҷӯён ва директори ин даргоҳ суолҳо пешниҳод намуданд.
Ин вохӯрӣ ва ин сайри муҳассилин ба марказҳои илму маърифат, махсусан, ба литсейи касбии техникии ноҳия ба онҳо як ҷаҳон таассурот бахшид. Аллакай баъди дидан кардан аз ин даргоҳ баъзе аз ин ҷавонони ташрифоварда роҳи ояндаи худро интихоб карда буданд.