Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Бояд гуфт, ки аз ҷониби Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 апрели соли 1997 Фармон «Оид ба чораҳои пурзӯри мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шудааст. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд.

       

       Вале новобаста ба ин омилҳое монанди терроризм ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар сабаб мешаванд. Зуҳуроти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи аввали истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ то имрӯз ба мушоҳида мерасанд. Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд.

 

   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди терроризм дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд. Дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст.

Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст. Мубориза бар зидди терроризм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ омадааст ва ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва иқдоми оқилона амал намуда, бар зидди терроризм мубориза бурдаву алайҳи ин зуҳурот қатъиян талош меварзад ва саҳми худро гузошта истодааст. Ҳоло, ки Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлати демократии дорои иқтисоди бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад.

       Ҷомеаи шаҳрвандӣ терроризмро дар ҳама намуд ва зуҳуроташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.