Санаи 16.04.2025, дар асоси мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо усули "Мактаб ба Мактаб", бо иштироки муовини раиси ноҳияи Сангвор Бафозода Садорат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оила, кормандони шубаи маорифи ноҳия ва беморхонаи марказӣ дар муассисаи таълимии рақами 57 деҳаи Сабзихарф бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

   Ҳангоми вохурӣ масъалаҳо вобаста ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.