
Ҷаласаро сардори ШВКД дар ноҳияи Сангвор Раҳимзода Ф. оғоз намуда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат нисбати ҷавонон ёдовар шуданд. Баъдан баромадкунандагони дигар вобаста ба вазъи иҷрои талаботҳои қонунгузории мамлакат дар самти соҳаи маориф, ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунии ноболиғону ҷавонон дар ноҳия муфассал гузориш дода, аз омилу шароитҳои мусоидаткунанда дар ин самт ва вобаста ба ислоҳу пешгирии он ба роҳбарону масъулини муассисаҳои таълимӣ дастур доданд.
Номбурдагон аз иштирокдорон ҷиҳати ҳамкории пайваста бо мақомотҳо ва бахшу шӯъбаҳо, инчунин риояи расму оинҳои неки ахлоқиву миллӣ, ҷоннок гардонидани фаъолияти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои саривақтӣ ва масъулиятшиносонаи вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ ва амсоли инҳо даъват ба амал овард.
Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Сангвор ҷавонони фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.


