Аз 21уми март баҳор бо ҳама рангини ҳукм меронад. Сардии зимистон паси сар шуда, табиат аз нав зинда мегардад, ки он Наврӯз ном дорад. Дашту даман гулрезу гулбез гардида, дарахтон сабз мешаванд ва ҳаво бо бӯи райҳону настаран муаттар мегардад. Ин ҳама нишонаи бедории зиндагӣ ва умеди тоза барои инсон аст.
Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни ваҳдат, дӯстӣ ва меҳру муҳаббат низ мебошад. Дар ин рӯзҳо мардум хонаҳоро тоза карда, дастархони идона меороянд, либосҳои нав мепӯшанд ва ба дидорбинии ҳамдигар мераванд. Расму оинҳои Наврӯзӣ, аз ҷумла ҳафтсин ё ҳафтшин, бозгӯи фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои ниёгон мебошанд.
Имрӯз Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст ва онро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунанд. Ин ҷашни бузург моро ба эҳтироми табиат, нигоҳдории фарҳанг ва пойдории сулҳу дӯстӣ даъват менамояд.
24-уми март дар варзишгоҳи ноҳияи Сангвор бо иштироки сокинони панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия, меҳмонон аз шаҳри Душанбе ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Занони фаъол ва бонувони ҳунарманди ноҳияи Сангвор бо оростани хони пурнозу неъмати Наврӯзӣ ва бо пӯзтани таомҳои миллӣ ва дафу доира меҳмонону ҷаъомадагонро истиқбол намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бостонӣ самимона табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ ба шумор меравад, ки таърихи он ба ҳазорсолаҳои дур мерасад. Ин ҷашн тибқи тақвими шамсӣ ба рӯзи аввали фарвардин, оғози соли нав рост меояд. Наврӯз рамзи эҳёи табиат, тозашавии замин ва оғози ҳаёти нав мебошад.
Ҳамчунин зикр кард, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ин ҷашни аҷдодиро бо ифтихор таҷлил намуда, барои ободиву пешрафти Ватан саҳм мегузоранд.
Инчунин Давлатзода Сулаймон дар баромади худ қайд намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аҳамияти бузурги фарҳангӣ дошта, мардумро ба ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят мекунад. Ӯ аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар идома барномаи фарҳангии бошукӯҳ пешкаши ҳозирин гардид, ки аз сурудҳои дилнишин, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ иборат буд. Ҳамчунин барои дӯстдорони бозиҳои варзиши гуштини миллӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои идона бо рӯҳияи баланд баргузор гардида, ба иштирокчиён хотироти нек ба ёдгор гузошт.
Туйчӣ Нурзода









