Ҳозирини гиромӣ!
Муҳтарам даъватшавандагон!
Ҳар сол дар саросари ҷумҳурии азизамон рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеке, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошанд. Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳакомияти давлатӣ, мақомоти идоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар қонуни мозкур пешбинигардида шахсан масъул мебошанд.
Ҳифзи Ватан ба хотири эҳтироми хотира, меҳнату фаъолияти наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихӣ, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он зарур аст. Манфиат, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд.
Азбаски таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, шаҳрвандон вазифадоранд, ки дар қатори давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту идораҳо дар таъмини амнияти Ватан саҳми худро гузоранд.
Шаҳрвандон ҳамчунин дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои террористӣ, пешгирии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ иштирок мекунанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмати ҳарбӣ навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ буда, иҷрои бевоситаи уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қушунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар бар мегирад.
Артише, ки ҳайати он дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёфта, дорои низоми қавӣ аст, такягоҳи боэътимоди давлат ва миллат мебошад. Ҳушёриву зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарини мустаҳкамии артиши миллист.
Манфиати давлат аз манфиати ҷомеа ва халқ сарчашма мегирад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Барои ҳамин, таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Зиндагии осоиштаи мардум маҳз натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.
Аз ноҳияи Сангвор дар даъвати баҳори ва тирамоҳӣ ҳамасола 25-30 нафар ҷавонон ихтиёрӣ ба комисарияти ҳарбии ноҳия ҳозир шуда барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд. Айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сангвор зиёда аз 100 нафар ҷавонон содиқона хизмат намуда истодаанд. Ба даъвати баҳории ҳозира зиёда аз 30 нафар ҷавонон ихтиёрӣ ҳозир шуда, имрӯз дар баробарӣ дигар ҷавонони кишвар омодаи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Муҳтарам даъватшавандагон!
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки Шумо бо ҷасорат ва мардонагии хеш дар таҳкими сулҳу суботи саросарии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоред.
Бо чунин орзуҳои нек ҳамаи Шуморо, ки ихтиёран дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карданро мақсади худ қарор додаед, самимона табрик намуда, ба Шумо сиҳатмандӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ ва дар хизмат
ба Ватан далерию шуҷоатмандӣ хоҳонам.
Саломату сарбаланд бошед!