Субҳи имрӯз, санаи 30-юми январи соли ҷорӣ бахшида ба Ҷашни Сада бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ ва меҳмонон дар назди нишони давлатӣ чорабинии идона ва намоиши тухмиҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.
Нахуст муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоишномаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дастовардҳои ҷавонону варзишгарон ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин таомҳои миллӣ, ки ба муносибати ҷашни Сада ташкил шуда буд, шинос гардиданд.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузви фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тӯли қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Ниёгони ориётабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин бо ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд. Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд. Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басо деринаи мардуми мо мебошад».
Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати амалӣ сохтани ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти эҳёи суннат ва оинҳои куҳани таърихӣ, аз ҷумла ҷашни Сада тадбирҳои амалӣ меандешад.


