корвони китоби “Тоҷикони”-и Б. Ғафуров ба шаҳру ноҳияҳои кишвар
Баҳри хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тибқи супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар китоби муқаддаси “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров баҳри ҳар як сокини кишвар ҳамчун туҳфа бояд ба нашр мерасид. Чунки ин нуқта дар Паёми Президенти кишвар дар таърихи 26 –уми декабри соли 2019 ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд.
Баҳри шинохти ҳуввияти миллӣ ва асолати мардуми кишвар соли ҷорӣ нашри китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат барои ҳар як сокинии кишвар ҳамчу туҳфа (ройгон) то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим бояд карда шавад. Аллакай ин китоб ба нашр расидаю маъракаи тақдим ба шаҳрвандони кишвар дар тамоми қаламрави Тоҷикистон оғоз гардидааст. Боварии комил дорем, ки то ин ҷашни муборак ҳар як сокини кишвар ба ин туҳфаи гаронбаҳо мушарраф хоҳанд гашт.
Рўзи 6-уми апрели соли ҷорӣ Корвони китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ноҳияи мо расида, бо намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳаҷми зиёда аз 3000 нусха ирсол гардид.
Баъди қабули ин тўҳфаи навбатии Пешвои миллат дар тамоми ҷамоатҳои деҳот ҳайати комисияи тақсимот ташкил карда шуд, ки деҳа ба деҳа ва хона ба хона гашта, ин туҳфаи навбатии Президенти кишварро ба сокинони ноҳия дастрас намуда истодаанд.