Ҳозирини гиромӣ!

           Шашуми ноябри соли 2020 аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим ва арзишманд дар зиндагии ҳамаи мо мебошад, 26 сол сипарӣ мегардад. Халқи Тоҷикистонро саодати  бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия  мебошад. Зеро дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор  дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро  вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

      Ба муносибати ин санаи таърихӣ ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва  ифтихори баланди ватандорӣ таманно дорам.            

          Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки    6-уми  ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пойдевори давлати тозаистиқлол ва раҳнамои миллати созандаву бунёдкори тоҷик ба ҳисоб меравад.

          Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихӣ инкишофи худ ворид шуданд  ва дар мамлакат давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

            Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои давлати Тоҷикистонро муайян мекунад ва ҳама гуна Конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мешавад.

     Дар Тоҷикистон то соли 1994 чаҳор бори дигар Конститутсияҳо қабул шуда буданд: солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978. Ғайр аз ин 26-уми  сентябри соли 1999,   22 - юми   июни   соли    2003   ва

22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

           Конститутсия шаҳодатномаи миллат ва  гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд. Дар Конститутсия зикр шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти  арзии Тоҷикистонро давлат   таъмин  менамояд.

Мутобиқи Конститутсия забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона  истифода баранд. Яъне ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандоне, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд карда намешавад.  

   Конститутсия  қонуни олии давлату давлатдорӣ буда, тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро танзим менамояд, бинобар ин риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси ҳокимияти давлатӣ ва тамоми табақаҳои ҷомеа мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.   Дар Конститутсия омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии  инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Мувофиқи  талаботи  Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ,  озодӣ, шаъну шарафи дигаронро  эҳтиром намояд.

       «Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст»,- омадааст дар Конститутсия. Тибқи талаботҳои Конститутсия Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар  таҳти ҳимояи давлат мебошад. Шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар ба эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими  қонуният, садоқату вафодорӣ ба Ватан ва заҳмати содиқонаву софдилона ба хотири ободии он вобаста аст.

           

              

                    Ҳозирини  гиромӣ!

      Бори дигар Шуморо ба 26-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  мегӯям.

              Дар охир ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, сарбаланди, ифтихори баланди ватандорию хештаншиносӣ  хоҳонам.

         Саломату сарбаланд бошед!