Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад. Гузаштагони мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне, дар Парчами давлатӣ даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.
Аз оғози таърих то ба имрӯз эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллатро дорад. Аз ин хотир эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шавад. Эҳсоси муҳаббат ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ вақте умумимиллию мардумӣ ва комил мегардад, ки агар ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми Парчамро ба таври шоиста ба ҷо оварад. Мувофиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Онҳо нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Парчам мавқею нақши худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа дорад. Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол Парчами миллии мо имрӯз дорои се ранг аст.
Рангҳои сурх, сабз ва сафеди Парчам ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос ёфтаанд. Ранги сурх –мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият. Ранги сафед-бахту иқболи сафед, покизагӣ. Ранги сабз-саъйу кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан. Аз ин рӯ, Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда, инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд. Тоҷ ва ҳафт ситораи тасдиқшуда дар байни Парчам ин рамзи нуҳӯфтаи миллати тоҷдору асил, соҳибқудрат, тоҷу тахтдошта ва яке аз давлатҳои соҳибтаърих будани миллати куҳанбунёд дар ҳафт иқлими ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Ливо, парчам, байрақ мафҳумҳои ҳаммаъно буда, таърихи чандҳазорсола доранд.
Ҳанӯз дар замонҳои пеш Коваи Оҳангар ба муқобили зулму ситам чармина ё худ пешдомани чармини худро чун байрақ бардошт ва мардумро ба муқобили ситампешагони замон, ба сӯи озодӣ даъват намуд, ки ҳамагон аз саҳифаҳои таърих огоҳанд. Дар ҳама давру замон давлатдорон ҳамчун рамзи асосии давлатдории худ Парчамро нишони асосӣ мепиндоштанд ва аз зумраи муқаддасот чун сарҳад, забон, фарҳанг меҳисобанд. Дар замони набард бо худ ҳамчун сирри давлатӣ нигоҳ медоштанд. Аз ин рӯ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст.
Дар рӯбарӯи Парчами давлатии Тоҷикистон аз сарбози оддӣ сар карда, то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Дар пешгоҳи бинои созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар Парчами мо партавафшонӣ мекунад. Ҳангоми сафарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои хориҷӣ ва ҳангоми пирӯзӣ ба даст овардани варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳо дар қатори садо додани Суруди миллӣ Парчами кишварамон низ афрохта мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. -Дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба таври доимӣ;
-Дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронда мешаванд; -Дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ
– дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст; -Дар биноҳои раъйдиҳӣ - дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ, дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон-мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ афрохта мешавад.
-Мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчунин дар рӯзҳои ид дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатӣ беҳурматӣ содир нашавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозаҳои онҳо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки дар Низомнома нишон дода шудааст, мутобиқат дошта бошад. Ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгоранд, мутобиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳозирини гиромӣ! Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла изҳор доштанд: «Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии кишвар ҳидоят намояд.
Эҳтиром ва расидан ба қадри Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлоламон қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад ва ифтихор аз он дар сиришти ҳар кадоми мо ҳамеша бояд устувор бошад». Тоҷикон табиатан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдкор, заҳматкашу ободгар буда, орзуи ба зиндагии босаодат ва ояндаи неку хушбахтона расиданро доранд. Мақому манзалат ва моҳияти Парчами миллӣ дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум бағоят бузург аст. Аз ин лиҳоз, ба ҳар яки мо зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватанпарастиву миллатдӯстии хеш Парчами давлатиро пос дошта, аҳамияти онро ба ояндагон талқин намоем.
Мо имрӯз бояд тамоми мардумро пеш аз ҳама ба ваҳдат, шукргузорӣ аз даврони истиқлолият, хештаншиносӣ ва созандагию бунёдкорӣ раҳнамун созем. Дар он сурат мо метавонем оромиву осоиштагии диёри худро ҳифз карда, барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолаи инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Боварии комил дорам, ки сокинони ноҳия бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, бо ифтихор аз Парчами давлатӣ баҳри гул-гул шукуфоии ноҳия ва ҷумҳурии азизамон саъю талош меварзанд.