Муҳтарам собиқадорон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот! Шуморо ба муносибати иди касбиатон самимона табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободӣ орзу менамоям. Таърихи милитсияи тоҷик ба ибтидои барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ дар саросари Осиёи Миёна рост меояд. Баъди пош хурдани давлати абарқудрати шӯравӣ халқи тоҷик баъд аз ҳазор сол соҳибистиқлол гардид.

Аз замони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор 24-уми ноябри соли 1993 бо қарори Президиуми Шӯрои Олӣ 6-уми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии милитсияи Тоҷикистон муайян карда шуд. Минбаъд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 753 аз 2-юми ноябри соли 2011 Рӯзи иди касбии милитсия 10-уми ноябр муқаррар гардид. Бо ба даст овардани Истиқлолият саҳифаи нави милитсияи тоҷик кушода шуд. Имтиҳони ҷиддие, ки ба дӯши насли нави милитсия омад, ин воқеаҳои солҳои 1990 то 1997 буданд, ки кормандони ин ниҳод бори дигар ба савганди худ - содиқ будан ба халқу Ватанро исбот карданд. Милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон барои таъмини амнияти давлату миллат саҳми назаррас гузоштааст ва кормандони он ҳоло ҳам баҳри иҷро намудани вазифаи муқаддаси хеш заҳмат мекашанд.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун ҳомиёни ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ дар лаҳзаҳои мушкилтарини таърихи кишвари азизамон ба хотири ҳимояи оромии мардум, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии дигар амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ ва аз ҳама муҳимаш дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар сафи пеш қарор доштанд. Саъю талошҳои шумо ва дигар сохторҳои низомӣ буданд, ки ҳама хатарҳои аз тарафи душманони миллат тарҳрезигардида сари вақт пахш карда шуда, барои мардум фазои орому осудаи зиндагӣ муҳайё карда шуд. Ҳозирини гиромӣ! Дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва тинҷию осудагии аҳолии ноҳия чандин нафар кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ҷони худро нисор кардаанд, ки мо номи онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.

Онҳо: 1.Олимов Қодир Ҷабборович 2.Зокиров Ғуфрон Ризвонович 3.Ҷимолов Назархӯҷа Баҳромович 4.Бозоров Абдумалик Маҳмадҷонович 5. Ғафоров Хайриддин Салоҳович 6.Акрамов Давлат Асламович 7.Раҳматов Шаша Ғафорович 8.Додарбеков Маҳмадулло Ҳабибович мебошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мардуми ноҳия саҳми арзанда ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсияро дар осуда ва пойдор нигоҳ доштани суботу осоиш ва оромии ҷомеа арзёбӣ ва қадрдонӣ менамоянд. Бо истифода аз фурсат ба Шумо ва ҳамаи онҳое, ки дар пойдору устувор нигоҳ доштани суботу амнияти ҷомеа саҳмгузоранд, арзи сипос менамоям. Фаъолияти милитсия асосан ба ҳимояи ҳаёту амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ва давлат, таъмини тартибот ва суботи ҷомеа, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткориву қонуншиканиҳо, ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳо, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва таблиғоти донишҳои ҳуқуқӣ нигаронида шудааст. Бинобар ин кормандони ҳифзи тартиботро зарур аст, ки дар иҷрои босифат ва софдилонаи вазифаҳои хизматии худ масъулияти боз ҳам бештар эҳсос намоянд ва ба он муваффақ шаванд, ки пеши роҳи ҳама гуна ҷиноят ва қонуншиканӣ гирифта шавад. Барои иҷрои самараноки корҳо ҳамкории кормандони ҳифзи тартибот бо аҳолӣ лозим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муазами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) қайд намудаанд: «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувавҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем». Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Сангвор аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ (моҳи феврали соли 1991), ки ба оғози нооромиҳо дар Ҷумҳурии азизамон рост меомад, дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми назаррас дорад. Роҳбарии ин мақомотро дар давоми фаъолияти қариб 28-солааш шахсиятҳои шинохтае, чун Бураков Давлат, Мирзораҳматов Сафол, Файзуллоев Нурулло, Барзуев Сангалӣ, Маликов Ҷаҳонгир, Кенҷаев Ислом, Табаров Валӣ, Раҳимов Қурбоналӣ, Ҳимматзода Неъматулло, ба ӯҳда доштанд, ки ҳар кадоми онҳо дар барқарор намудани тинҷию осудагии мардуми ноҳия саҳми назаррас доранд. Ҳоло бошад, мақомоти мазкур бо роҳбарии Шарифзода Розибек баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ноҳия сарбаландона заҳмат кашида истодаанд. Ташвиқу тарғиби садоқату матонати собиқадорони соҳа амали ибратомӯз буда, омӯзиши таҷриба ва тавсияҳои онҳо бешак барои пешрафти кори соҳа аҳамияти зиёдро доро аст. Дар қатори кормандони милитсия, ки барои осоиши ҷомеа саҳми босазо гузоштаанд, номҳои полковник Шарипов Давлат, полковник Сафаров Назаралӣ, полковник Латипов Исҳоқ, майори милитсия Латипов Бачаҷон, старшинаи милитсия Исмонов Саидбурҳон ва подполковники милитсия Тоҳиров Муҳаммадиро ба забон овардан меарзад, ки онҳо ҳаёти бобаракати худро ба кори милитсия бахшидаанд. Муҳтарам собиқадорон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот! Бори дигар Шуморо бо иди касбиатон, яъне «Рӯзи милитсия» табрик гуфта, дар амалӣ гардидани мақсадҳои созандагию бунёдкориатон барору комёбиҳо ва ба хонаводаи Шумо тинҷию осудагӣ, саломатию сарбаландӣ таманно дорам. Саломату сарбаланд ва муваффақ бошед!