Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвар санаи 14 март ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура таҷлил мегардад. Ба ҳамин муносибат дар ноҳияи Сангвор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат кормандони мақомоти прокуратураи ноҳияро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта, ба онҳо саодати рӯзгор, файзу баракат дар хонадон ва дар фаъолияти хизмативу касбӣ комёбиҳои нав таманно намуд.
Қайд гардид, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура дар рушди арзишҳои демократӣ, устувории тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Ҳамзамон изҳори итминон карда шуд, ки кормандони прокуратураи ноҳия минбаъд низ бо масъулияти баланд, садоқат ба халқу Ватан ва фаъолияти пурсамар барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Зимни чорабинӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор як қатор кормандони прокуратура барои фаъолияти хуби меҳнатӣ бо Сипосномаву Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Нурзода Туйчӣ









