Рӯзи 26-уми март дар фазои тантанавӣ маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  собиқадорони  меҳнат, волидайни даъватшудагон ва сокинон иштирок намуданд. Маросим бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, баъдан масъулин суханронӣ намуда, ҷавононро ба ҳимояи Ватан, садоқат ба давлат ва иҷрои бошарафонаи қарзи шаҳрвандӣ даъват карданд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ҷавонони ватандӯсту бошарафи ноҳияи Сангвор ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, бо рӯҳияи баланд барои адои қарзи шаҳрвандии худ омодагӣ мегиранд. Қайд гардид, ки маҳз дар рӯзҳои аввали даъват нақшаи сафарбаркунӣ бо иштироки фаъолонаи чунин ҷавонон пурра иҷро мегардад.

Зикр шуд, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мактаби мардонагӣ ва шуҷоат буда, дар он ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ боз ҳам тақвият меёбад. Ҳамзамон, ба наваскарон орзуи хизмати содиқона, саломатии комил ва баргашти сарбаландона таманно карда шуд.

Ҳамзамон, ҷавонон бо шиори «Мо барои Ватан омодаем!» пушти ҳам саф кашида, омодагии худро барои хизмат нишон доданд. Ин манзара эҳсоси баланди ватандӯстиро боз ҳам тақвият бахшида, руҳияи ҳозиринро болида гардонд. Онҳо бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, зери навои суруд ва рақсу шодмонӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

Дар анҷоми маросим волидайн фарзандони худро бо дуои хайр гусел намуда, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон фазои чорабиниро боз ҳам шукӯҳманд гардонд.

Н. Алиева