Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир рӯзи 5 январи соли 2021 бо фаъолон, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони ташкилоту муассисаҳо оид ба расонидани арзу сипоси Сарвари давлат ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар давраи интихоботи Президентӣ, шарҳи муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва рӯзи Истиқлолият, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, гармхонаҳо ва захираи озуқа дар ҳар як оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистон, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо, захираи молу маҳсулот вохӯрию суҳбату вохурӣ доир намуд.