Айни ҳол маъракаи мавсими баҳории сафарбаркунии чавонон дар тамоми қаламрави кишвар рафта истодааст. Тибқи фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои Муссаллаҳи Тоҷикистон сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 марти соли 2021 таҳти №141 баҳри ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муташшаккилона оғоз гардидааст.
Сафарбаркунии ҷавонон дар ноҳияи мо низ аз якуми апрели соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар ин маърака саҳми раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ, муовини раис Қурбонзода Темур – раиси комиссияи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, раисони ҷамоатҳои деҳот, мақомотҳои қудратии ноҳия,комиссари комиссариати ҳарбӣ Ќурбонзода Фаррух, сарварони ташкилоту муассиса ва падару модарон бениҳоят баланд аст.
Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳия дар марҳилаи аввали сафарбаркунии ҷавонон ба хидмати Модар – Ватан, яъне 1-уми апрел - «Рӯзи даъватшаванда» сад дар сад иҷро гардид. Аз ҷумла 24 нафар ҷавонони ватандӯст ва чолоку ҷасур ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар карда шуданд.