Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, имсол дар саросари дунё соли басо вазнину сангине барои тамоми бошандагони сайёраи Замин ба мушоҳида расид. Даҳшатафканию ҷангҳою куштор ва омадани тармаю селҳои даҳшатнок, сӯхтор ва боридани барф дар фасли гармо тавонист хисороти зиёдеро барои инсоният ба бор оварад. Чи талафоти ҷонӣ ва чи талафоти иқтисодию молӣ дар натиҷаи ин офатҳои заминию осмонӣ дар кулли дунё ба қайд гирифта шуд.

     Аз ҷумла, яке аз минтақаҳои осебпазир Тоҷикистони азиз низ маҳсуб мешавад, ки дар натиҷаи боридани боронҳои пай дар пай ва боридани жола дар фасли баҳору тобистони имсола  дар аксарияти навоҳии кишвар офатҳои табиӣ, аз ҷумлаи фаромадани ярч, обхезӣ ва туфону сели даҳшатнок тибқи маълумоти оморӣ ба қайд гирифта шудааст. Яке  аз чунин минтақаи осебпазир ноҳияи мо низ ба шумор меравад, ки дар натиҷаи боридани боронҳои зиёду жола чандин маротиба деҳаҳои гуногун ва шоҳроҳи Душанбе – Лабиҷар – Тавилдара – Дарвоз дучори офатҳои табиӣ(сел) гашта, хисороти зиёдеро ба бор оварданд. Аз ҷумла, яке аз офатҳои табиии даҳшатноке, ки дар натиҷаи омадани сел чандин хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон, амвол, чорвоҳои калону хурди шохдор, заминҳои киштро харобу валангор намуда, ба коми худ фурӯ бурд, ин омадани сел дар таърихи 1-уми июли соли 2024 дар деҳаи Ёзғанди ҷамоати деҳоти Тавилдара мебошад, ки тайи чанд соли ахир чунин ҳодисаи даҳшатнок ба қайд гирифта нашуда буд. Хушбахтона, дар ин воқеаи даҳшатнок дар натиҷаи дастгирию кумаки ҳамдеҳагон ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо 17 хоҷагӣ ба куллӣ ва 42 хоҷагии дигар қисман зарари моддию иқтисодӣ диданд, ки дар натиҷа баъзеи онҳо бесарпаноҳ монданд.

        Баъди ба вуқӯъ пайвастани ин воқеаи даҳшатнок аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия Ситоди доимамалкунанда (дар замони ҳолатҳои фавқулода) баҳри кумаку дастгирии офатзадагони ин ҳодисаи табиӣ ташкил карда шуд, ки  имрӯз ҳам ин ситод шабонарӯзӣ фаъолият дораду кумаки модию маънавӣ ва ғизоиро муҳайё намуда, ба ин зарардидагон пайваста  мерасонад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ комиссияи муштарак баҳри муайян кардани хисорот дар ин мавзеи офатзада ташкил карда шуда буд, ки баъди дидан кардану ташхис намудани хисорот баҳри кумаку барқароркунӣ корҳои барқароркунӣ оғоз гардид.

       Баъди бармало гаштани ин воқеаи даҳшатнок  кулли мардуми ноҳия ва берун аз он, махсусан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ноҳияҳои ҳамҷавор шахсони саховатманд ва сокинони ин ноҳия баҳри кумаку дастгирии ин офатзадагон худро дар канор нагирифта, ҷисмонию маънавӣ ва моддию иқтисодӣ содиқонаю бародарворона саҳми худро гузоштанд. Аз ин маълум мешавад, ки он меҳру муҳаббат, иттиҳоду ягонагӣ, сарҷамъӣ ва дилсӯзию амалҳои неки инсонӣ дар бани башар то ҳол маҳфузанд, ки он разолату бераҳмӣ ва амалҳои бади инсониро маҳкум мекунанд.

     Ҳамарӯза кумакҳои молию пулӣ аз тарафи кулли бошандагони ноҳия; ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони давлатию инфиродӣ, шахсони саховатманд ва сокинону соҳибкорони ноҳияҳои ҳамҷавор баҳри офатзадагони ин қазия ба Ситоди ноҳиявӣ ирсол мегардад, ки аз тарафи комиссияи тақсимоти ин Ситоди мазкур маводҳои ғизоию молӣ ба дасти зарардидагони ин офати табиӣ пайваста мерасанд.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат ғамхории ҳамешагии худро, ба ҳамаи он мушкилоти вокеоти имсола нигоҳ накарда, баҳри ин зарадидагони деҳаи Ёзғанди ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи мо сари вақт расонида, эшонро рӯҳбаланд  намудаю ба онҳо умеди зиндагӣ  илқо намуданд ва танҳогию рӯҳафтодагиро низ аз қалби эшон дур намуданд. Тавассути 18 нақлиёти боркаш, ки муҷаҳҳаз аз маводи ғизоӣ  пӯшокаю ашёҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ буданд, ба ашхоси куллан зарардида ирсол гардиданд, ки хурсандии ин мардуми офатзадаро ҳадду канор набуд ва беихтиёр аз дидагонашон ашк ҷорӣ мешуд.

       Кулли мардуми ин деҳа ва, махсусан, офатзадагони ин ҳодисаи табиӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, аз Пешвои муаззами миллат, падараи дилсӯзу ғамхори кулли сокинони ин Ватани ҷоноҷонамон, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла раиси ноҳия ва тамоми сокинони панҷ ҷамоати деҳот ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ноҳияҳои дигар миннатдор буда, пайваста дар ҳаққи сарвари кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон иттиҳоду ягонагии миллати тоҷик дуо мекунанду пояндагию побарҷо будани ин давлати ҷавону кишвари биҳиштосоро аз Яздони пок таманно доранд ва дар оянда низ таҳти сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи сарвари кишвар гом хоҳанд бардошт.

     Имрӯзҳо баъди бартарафкунии хисороти расонидаи ин офатии табиӣ аз тарафи кулли сокинони ноҳия корҳои барқароркунии ин оилаҳои зарардида оғоз гардидааст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва кулли мардуми ноҳия то рӯзи ҷашни 33 –юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом хоҳанд расид ва сокинони ин деҳаи офатзада дар ин  мавзеи нав дар хонаҳои истиқоматии замонавии барҳаво зиндагии ҷадиди хешро оғоз хоҳанд кард.  Айни ҳол заминҳои наздиҳавлигӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин қишри ҷомеа тақсимот карда шудаанд ва корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз гардидаанд.

   Чанде пеш  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Зокирзода Маҳмадтоир Зоҳир ба ин ноҳия ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ин зарардидагони офати табиӣ дидан намудаю аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеи навбунёд огоҳӣ пайдо намуд.  Ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар шумораҳои ояндаи моҳнома иттилооти ҷадиде пешкашатон хоҳем намуд.