Дар доираи силсилачорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ дар таҷлили Рӯзи ҷавонон ҳамоиши роҳпаймоии ҷавонон дар кӯчаҳои марказии ноҳия ба роҳ монда шуда буд, ки ин аз ҳисси ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллли ҳар як ҷавон ва иштирокчии ин ҳамоиш огоҳӣ медод.

        Дар ин ҳамоиш, ки зиёда аз 500 нафар ҷавонону наврасон –муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонону кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд, таҳти Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳо аз назди бинои ШВКД дар ноҳия роҳпаймоиро оғоз намуда, тавассути роҳи марказӣ аз шафати МТМУ №1 ва Беморхонаи марказӣ гузашта , то бинои Қасри фарҳанг таҳи шиорҳои “ Мо пайравони Пешвои миллатем”, “Мо ҷавонон – қалби бедори Ватан”, “Пешвои милла - ифтихори халқи тоҷик”, “Тоҷикистон ба пеш!” ва “Поянда бод Тоҷикистони азиз!” бо як рӯҳи болида ҳамовозӣ намуда, садоқати худро нисбат ба Ватан ва Пешвои миллат нишон доданд, ки дар ҳама вақту соат онҳо метавонанд дар паҳлӯи Пешвои миллат ва Ватани азизашон устувор бошанд.

      Бо як рӯҳияи сиёсию ватандорӣ, чеҳраҳои болида ва ифтихор аз ватани биҳиштосою тинҷу ором ин чорабинии сиёсӣ низ ба анҷом расид.