https://www.youtube.com/watch?v=3O28o5b5hUo&feature=youtu.be

тасмим гирифтаем якчанд маълумоте дар бораи беморихои сирояти 2019-nCoV ва роҳҳои аз ин сироят пешгириро бароятон пешкаш кунем.

Хушбахтона, бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани аз беморихои сирояти  ҳатман донист.

РОҲҲОИ СИРОЯТЁБӢ:

1. Иртибот бо шахси бемор;

2. Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;

3. Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;

4. Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта;

 

РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ:

1. Қоидахои беҳдошти дастонро риоя кунед!

Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хўрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.

2. Пўшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромўш накунед!

3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!

4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!

5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!

6. Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!

      Инак, чи хеле мушоҳида кардед, роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошад. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардидааст. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба шумо тавсия медиҳем.