24 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати    миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Парчами    давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд.

         Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори рӯзи          Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матоъи Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил    намуда    , атрофии он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

 

 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар назди бинои Қасри фарҳанг бо    садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон карда шуд.

 

                

             

 

 Дар назди даромадгоҳи майдони Парчам ду ҳайкали шер ҳамчун рамзи миллати     тавоно ва тамаддунофар сохта шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами   далатии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   ноҳияи   Сангвор аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти   маҳдуди «Наҷор» бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуданд.

  Майдони Парчами давлатӣ 11 садяк заминро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз     60   арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳанд. Дар рафти сохтмон бо     назардошти   сайругашти сокинону меҳмонон 10 нишастгоҳ ва чароғҳои     равшандиҳанда   насб шудаанд.

  Парафшонии Парчам дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат боиси руҳбаландӣ ва     ифтихору садоқати сокинон ба Ватан – Модар гардидааст ва акнун онҳо метавонанд   дар назди ин муқаддасоти давлат чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд.