Парчам аз шумори муқаддасоти Ватан буда, ҳастии кишвари сохибистиқлолро инъикос мекунад. Парчами Тоҷикистон низ аз мавҷудияти халқи сохиб фарханг дарак медихад. Се ранг ва тоҷу ситораҳо исботи ҷасорат ва соҳибдавлатии собиқа мебошад. Парчами Тоҷикистон аз ҷихати зебои ва мухтавои ҳар ҷузъиёташ дар қатори парчамҳои беҳтарини дунё карор дорад.
    Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Парчами давлати аз матои росткунҷаи серангаи сурх,сафед ва сабз таркиб ёфтааст,ки хар як ранг маънои худро дорад. Ранги сурх рамзи озодӣ, мардонагӣ ва истиқлолияти давлати мебошад. Ранги сафед-рамзи сулҳ, дусти ва ояндаи дурахшони давлатамонро ифода мекунад. Инчунин ранги сафед рамзи хубию хушнуди низ мебошад. Ранги сабз-рамзи сарсабзию хуррами, табиати сабзу хамешабахори мо мебошад. Мо ҳар як шаҳрванди тоҷик мехоҳем, ки Тоҷикистон ҳамеша мисли бахор сарсабзу хуррам бошад.
     Дар мобайни парчами давлатии мо тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдории миллати тоҷик аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар мебошад. Ҳафт ситора рамзи ҳафт кабати осмон, ва хафт диёри қадимаи Тоҷикистон аст.
      Бо ташаббуси сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бузургтарин парчам, ки дар чаҳон беназир аст, гузошта шуд, кӣ баландии он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби "Рекордҳои Гиннес" дохил шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи дустиву бародарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Эҳтироми парчами давлати қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
   Хушбахтона, халқи тоҷик ба муқаддасоти Ватан эҳтироми хоса дорад ва аз он ифтихор менамояд.