Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Мувофиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат ба шумор мераванд. Онҳо нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд. Парчам дар сохтори давлатдорӣ ва, махсусан, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дар муносибатҳои байналмилалию ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа мавқею нақши худро дорад. Дар ҳама давру замон давлатдорон ҳамчун рамзи асосии давлатдории худ Парчамро нишони асосӣ мепиндоштанд ва аз зумраи муқаддасот чун сарҳад, забон, фарҳанг ҳисоб мекарданд ва дар замони набард бо худ ҳамчун сирри давлатӣ нигоҳ медоштанд.
Аз ин рӯ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рӯ ба рӯи Парчами давлатии Тоҷикистон аз сарбози оддӣ сар карда, то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимилли сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон –Парчам ва Нишон қабул карда шуданд.
Ба ин хотир баҳри бузургдошту арҷгузорӣ ин муқаддасот ва рамзи давлатдории тоҷикон – Парчами миллӣ ҳамасола дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷамъомадҳои илмию сиёсӣ ва фарҳангию бадеӣ бахшида ба ин рамзи давлатдорӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла дар ноҳияи Сангвор низ пайваста ингуна чорабинињо гузаронида мешаванд, ки ҳисси ватандорӣ, ватандўстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро дар ниҳоди ҳар як шаҳрванд бедор менамоянд.
Имсол низ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, махсусан, раиси ноҳия ва муовинони ў ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия дар тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия, ки шумораашон ба 59 адад мерасад, конфронсҳои илмию адабӣ, мизи мудаввар дар мавзўи “Парчам- нишони ҳуввияти миллӣ”, нишасту вохўриҳо бо кормандон ва хонандагони литсею муассисаҳои таълимӣ ва роҳпаймоию саёҳат ба мавзеъҳои таърихию меъморӣ гузаронида шуданд. Боварии комил дорем, ки кулли шаҳрвандон ва, махсусан, насли ҷавон сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатро дастгирӣ намуда, таҳти Ливои Тоҷикистон собитқадамона ба сўйи пеш ба сўйи комёбиҳои беназир гом мениҳанд.