Ҳамдиёрони азиз!
Ҳар сол мардуми мусулмон баъд аз адои яке аз фаризаҳои дини мубини ислом - рӯзаи моҳи шарифи Рамазон иди саиди Фитрро бо болидарӯҳиву хушҳолии хосса ҷашн мегиранд. Бинобар ин, куллии мардуми ноҳияро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, сулҳу оромӣ ва хайру баракат орзу менамоям.
Қобили зикр аст, ки рамазон, яъне моҳи парҳезу тақво ва покизагию фурӯтанӣ фурсати муносибе буд, то мардуми мусулмони мо онро барои паймудани роҳи маърифати маънавӣ истифода намоянд. Умедворам, ки ҳамаи шумо аз мафҳумҳои баланд ва инсонсози ин моҳ, аз ҷумла сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайр сабақи хубе омӯхта бошед. Имрӯз аз баракати истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар мебошанд. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки илму ҳикмат, адабиёту фалсафа, сиёсату ҳуқуқ ва дигар дастовардҳои маънавии мардуми куҳанбунёди мо дар тӯли асрҳо ба такмилу густариш ёфтани арзишҳои исломӣ мусоидат намуда, онҳоро ғанӣ гардонидаанд. Гузашта аз ин, ниёгони хирадманди мо бо донишу андеша ва осори ҷовидонаи худ ба тамаддуни исломӣ ва башарӣ хизматҳои шоиста кардаанд.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо рӯзгор ва осори фарзандони фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам, Муҳаммад ибни Исмоил, яъне Имом Бухорӣ ва дигарон мебошад. Мазҳаби ҳанафия дар таърихи тамаддун ва фарҳанги исломӣ, дар ҳифзу инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқҳои мусулмон, аз ҷумла мо – тоҷикон нақши басо муассир гузоштааст. Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки яке аз амалҳои неке, ки барои истиқболи шоистаи иди саиди Фитр дар миёни мардуми мо ҳукми анъана пайдо кардааст, хайру садақа кардан ба эҳтиёҷмандон мебошад.
Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор мебарад, садақаи фитр медиҳад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва некӯкорӣ мекӯшад. Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки Офаридгор мо инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагиву дастгирии ҳамдигар саодатманд хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки садақаро омили осоиши рӯҳиву равонӣ ва қаноати маънавии худи садақадиҳанда гардонидааст.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба шахсони саховатманду ҳимматбаланд муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки дар ин рӯзи саид ва дар рӯзҳои дигар низ дасти ҳиммати худро ба ятимону маъюбон, бепарасторону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камбизоат дароз карда, бо чунин иқдоми ҷавонмардона сазовори аҷру подоши бештар гарданд ва ба таҳкими боз ҳам бештари дӯстиву бародарӣ дар миёни ҷомеа ва суботу оромӣ дар кишвари азизамон мусоидат намоянд. Мардуми шарифи мо ҳамчун ворисони фарҳангу тамаддуни қадима ва расму оинҳои бостонӣ хуб медонанд, ки баракати зиндагӣ аз сариштакорӣ афзун мегардад. Аз ин лиҳоз, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар тамоми мавридҳо бояд ба одати ҳар як сокини мамлакат табдил ёбад. Дар робита ба ин, ба кулли мардуми ноҳия, такроран таъкид менамоям, ки дар рӯзи ид ва дигар ҷашнҳо ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва фаромӯш накунанд, ки хоксориву сариштакорӣ яке аз хислатҳои беҳтарини мардуми мо буда, ба зиёд шудани хайру баракат дар ҳар хонадон мусоидат мекунад. Маблағҳои аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷоту нодаркор сарфашударо, пеш аз ҳама, барои бартараф кардани камбудиҳои рӯзгор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф кардан ё дасти дармондаву муҳтоҷеро гирифтан айни савоб аст. Инчунин дар суратҳисоби махсус барои табобати беморони «COVID-19» гузаронидан беҳтар аст.
Мову шумо аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки гузаштагони хирадмандамон, аз ҷумла пири мазҳабамон – Имоми Аъзам ҳам худашон бо чунин амалҳои хайру савоб намунаи дигарон будаанд ва ҳам барои ояндагон анҷом додани ин аъмоли наҷибро васият кардаанд. Ҳамчунин, ёдовар мешавам, ки ба қавли бузургони гузаштаамон беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияти хубу писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад. Хусусан, дар шароити дунёи ноорому пурҳаводиси имрӯза ба таълиму тарбияи фарзандон, илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардани онҳо, инчунин, аз таъсири манфии фарҳанги бегона ва ҳар гуна ҳаракату нерӯҳои ифротиву тундгаро эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон, шахсони калонсолу обрӯманд, зиёиёну фаъолон ва умуман, ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Дар охир бо изҳори итминон ба ояндаи неки кишвари соҳибистиқлоламон бори дигар тамоми мардуми ноҳияро бо иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, хушҳоливу хушбахтӣ, рӯзгори осудаву пурсаодат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям. Идатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз! Ҳамватанони азиз! Фардо моҳи шарифи Рамазон - айёми сабру таҳаммул ва матонату парҳезгорӣ фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик мегӯям ва дар ин моҳи хайру эҳсон ва файзу баракат ба хонадони ҳар кадоми шумо осоишу оромӣ орзу менамоям. Барои пайравони дину мазҳабҳои гуногун, бахусус, дини мубини ислом рӯзадорӣ ифодаи ғолибияти рӯҳ бар ҷисм ва худдориву парҳез кардан аз амалҳои зишт мебошад. Рӯза илова ба тақвияти ирода, инсонро ба ростқавливу накӯкорӣ ва умуман анҷом додани амалҳои писандида раҳнамоӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, ки яке аз аркони дини мубини ислом мебошад, тарзи мукаммали парҳезкорӣ шуморида мешавад. Моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ айёми анҷом додани корҳои хайру савоб, аз ҷумла дар бобати дастгирии ниёзмандону дармондагон ба ҳисоб меравад. Лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст.
Илова бар ин, анҷом додани корҳои неку писандида ва саховату ҳиммат, худдорӣ кардан аз зиёдаравию исрофкорӣ ва баргузор намудани маросиму маъракаҳои серхарҷ дар дини мубини ислом аз ҷумлаи амалҳои воло ба шумор меравад. Ин масъала дар каломи осмонии Худованд низ таъкид шудааст: “Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд”. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки садақаи фитр яке аз васи¬лаҳои муҳимми дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошад. Мо бояд фитри рӯза ё садақаи фитрро на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр намоем ва дар ин амал низ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем. Яъне таваҷҷуҳ ба ҳоли муҳтоҷону камбизоатон яке аз рукнҳои асосии рӯзадорӣ мебошад ва ҳар вақте, ки сарватмандон ба чунин шахсон меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар амри хайри тарбияи ятимон саҳми инсондӯстона гузоранд ва барои ҳалли мушкилоту ниёзҳои мардум кӯшиш намоянд, фазои дӯстиву муҳаббат ва сафову самимият дар байни аъзои ҷомеа густариш меёбад ва мустаҳкам мегардад. Инчунин, анҷом додани дигар корҳои хайр, аз қабили ба ягон маҳалли зист об овардан, мактаб ё муассисаи тиббие бунёд ё таъмир кардан ва қитъаи роҳеро тармим намудан чӣ қадар мушкили одамонро осон мегардонад. Бо изҳори итминон, ки Рамазони имсола низ барои ҳамватанони азизи мо айёми иҷрои амалҳои нек хоҳад гардид, бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар фарди Ватан хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, моҳи мубораки Рамазон боиси таҳкиму тақвияти сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар диёри мо ва хонадони ҳар як сокини кишвар гардад.
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!