Ҳозирини гиромӣ!
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон Сада таърихи чандҳазорсола дорад.Ҷашни Сада яке аз бузургтарин суннатҳои волои мардумони ориёитабор маҳсуб мешавад. Пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба корҳои кишоварзӣ, бо рӯзгори қадимаи ин мардумон пайванди ногусастанӣ дорад. Тибқи иттилои Муҳаммади Наршахӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Байҳақӣ ва дигарон аз қадимулайём ҷашни Сада дар даҳумин рӯзи моҳи баҳмани солшумории хуршедӣ яъне панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз
Таҷлил мегардидааст, ки тибқи тақвими мелодӣ баргузории он ба рӯзҳои охири моҳи январ баробар аст. Аз рӯи иттилои солшуморҳо Сада ба муносибати аз хонаи зимистонааш убур намудани хуршед ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешавад, ки ин ҳолати табиат дар натиҷаи баробар шудани шабу рӯзи зимистонӣ ба амал меояд. Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 №АП-1140 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ шудааст, ки тибқи ин ҷадвал иди Сада ва намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ ба нимаи дуюми моҳи январ рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки Сада вожаи форси-тоҷикӣ аст.
Сада то ҳамлаи муғул ва ба сари қудрат омадани шоҳони бегонанажод дар дарбор ва байни халқ чун ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо анъаноти деринаи ориёӣ таҷлил мегардид. Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардумони Варорӯд онро бо номҳои дигар, чун ҷашни «Ҳут», «Чаҳоршанбеи охирон», «Чаҳоршанбеи сурӣ» ва «Оташаффрӯз» таҷлил менамоянд. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба оташ беэътиноӣ намекунанд. Нур ва оташ яке аз муқаддасоти мардумони ориёӣ аст. Фаро расидани ҷашни Сада басо рамзӣ буда, ҳамчун иди кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати кӯҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Ҳамин тавр ҷашни Сада муждадиҳандаи Наврӯз арзёби гардидааст.
Дар ин бора дар осори шоирони мутақаддим ишораҳои зиёде рафтааст. Боиси хурсандист, ки кишоварзони ноҳия мо имсол низ ҷашни расмии Садаро бо дастовардҳои ҷолиби меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Деҳқонон дар ин айём тайёрии кишту корро мебинанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Шумо ва кулли сокинони ноҳияро ба ҷашни Сада табрику муборакбод гуфта, бароятон барору комёбиҳо таманно дорам.